Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ аввалин нишасти матуботиашро баргузор намуд. Ин Агентӣ соли 2018 ташкиш шуда, фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва барои ҳавасмандгардонии содирот, диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ ва соддагардонии расмиёти савдо ба роҳ мондааст.
Тибқи иттилои роҳбари Агентӣ Шавкат Бобозода дар нимсолаи авали соли 2020 Агентӣ барои содироти маҳсулоти ватанӣ ба маблағи 654,4 млн доллари ИМА мусоидат намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,6 млн доллар ё 14,7 фоиз зиёд мебошад. Шавкат Бобозода иброз медорад, ки гардиши савдои хориҷа дар нимсолаи аввал 2 млрду 158 млн долларро ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 фоиз ё 21,8 млн доллар зиёд аст.
«Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷа тарози манфӣ дошта, таносуби содирот ва воридот 30,3 фоиз содирот ва 69,7 фисади воридотро ташкил менамояд. Дар ин давра ҳамчунин, содоироти маҳсулоти саноатӣ дар якҷоягӣ бо неруи барқ 640,7 млн долларо дар бар мегирад, ки 97,9 фоизи ҳаҷми умумии содироти ҷумҳуриро ташкил медиҳад», зикр намуд директори агентӣ.
Малоҳат Тоҳирова
Радиои “Тоҷикистон”