Чанд нукта аз нишасти матбуотии ВКД

Рамазон Раҳимзод, вазири корҳои дохилӣ имрӯз дар нишасти хабарии ин Вазорат гуфт, ки дар замони пандемияи КОВИД-19 бинобар сироят ёфтан ба ин беморӣ 7 нафар аз кормандони ВКД ҷони худро аз даст доданд.

Гуфта шуд, ки аз сабаби  ҳамкории зич бо ҷомеа кормандони ВКД дар баробари сироятёбӣ осебпазир ба шумор мераванд.

Рамазон Раҳимзод инчунин аз тақсими 10 ҳазор ниқоби тиббӣ ба таври ройгон ба ҷомеа иттилоъ дод, ки аз ҳисоби Вазорат харидорӣ шуда буданд.

Ҳамчунин дар шароити густариши КОВИД-19 ҷинояткорӣ дар ҷомеа коҳиш ёфтааст. аммо Вазорат омори дақиқро дар ин замина пешниҳод накард.

Дар шаш моҳи аввали соли равон аз ҳисоби ҷаримаҳои “Шаҳри бехатар” 10 миллион сомонӣ  ба буҷет ворид шудааст. Рамазон Раҳимзода гуфт ҷаримаи аз ҳама калонҳаҷмро ронандаи як нақлиёт сабукрав ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.

Саъдӣ Ғоибов

Радиои “Тоҷикистон”

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *