Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт.
Вазорати корҳои хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар мулоқот густариши ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, аҳамияти баргузории чорабиниҳои муштараки банақшагирифташуда пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари пандемия таъкид гардид.
Вазири корҳои хориҷӣ ба хонум Гуедар барои саҳми бориз ва арзандааш дар густариш ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия изҳори сипос намуд.