Корномаи 30 соли раҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳафтодумин солгарди рӯзи мавлуди Пешвои миллат, президенти кишвар аз мавзӯҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 4 октябр мақолае таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хориҷӣ. Аз музаффариятҳо то таҳкими ҷойгоҳи ҷаҳонӣ” чоп карда, менависад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ба шарофати сиёсати “дарҳои кушода” тавонист бо соири кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҳамкорӣ ва муносибати ҳасанаро ба роҳ монад.
Муаллифи мақола Вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин навиштааст, ки сиёсати хориҷии кишвар, барқарории равобити байналмилалӣ ва умуман, роҳандозии фаъолияти дипломатӣ танҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид, ки барҳақ Пешвои миллат меъмор ва бунёдгузори он мебошанд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид мекунад, ки сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки аз ҷониби Пешвои миллат роҳандозию ҳидоят мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар айни замон бо ҳамаи марказҳои муҳими қудрат дар ҷаҳон ва минтақа муносибати ботавозун, баробар дошта бошад. Зеро сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати воқеъбинона буда, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар тамоми фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ ҳамчунин мақолае бо номи “Кӯлоб. Ваъдаҳо ваъда мондану сохтмон нотамом.” чоп карда, навиштааст, ки ба сохтмони бинои хобгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ҳанӯз соли 2016 санги асос гузошта буд ва иншооти мазкур бояд баъди ду сол бояд мавриди истифода қарор мегирифт, аммо мутаассифона, бо гузашти 5 сол корҳои сохтмонӣ ҳоло ҳам ба итмом нарасидаанд. Зубайдулло Азиззода, директори Коллеҷи фавқуззикр дар сӯҳбат ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ додааст, ки барои иншооти мазкур 33 миллиону 695 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки то кунун ба маблағи 16 миллиону 50 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд.
Ба таъкиди муаллиф дар коллеҷ 3878 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 3290 нафарро духтарон ташкил медиҳанд ва аз гуфтаҳои масъулон метавон хулоса кард, ки сохтмони бинои хобгоҳи мазкур камаш 4 соли дигар идома меёбад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 5 октябр мақолаи академик Фарҳод Раҳимӣ президенти АМИТ-ро бо номи “Пайвандгари дирӯзу имрӯз ва раҳнамои фардои миллат” чоп кардааст. Муаллиф дар ин мақола менависад, ки таҷрибаи бузурги дар самти давлатдорӣ ҳосилкардаи Пешвои миллат, ки эҳёи хотираи маҳвшудаи ҳукмронии сиёсии миллати куҳанбунёду соҳибдавлати мост, дар хазинаи методологияи давлатдории тоҷикон ҳамчун дастоварди бисёр арзишманд ва бебаҳои сиёсӣ ба хотири корбурди амалию назарӣ ва андӯхти таҷрибаи ояндагон боқӣ хоҳад монд.
Ба таъкиди акдемик Раҳимӣ, Эмомалӣ Раҳмон кафили ваҳдати миллию истиқрори сулҳ дар ҷомеаи мо гардида, ба ин васила арзишмандтарин дастоварди миллатро дар тӯли ҳазорсолаи охир, ки он давлати соҳибистиқлоли миллӣ буду ба сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар марҳилаи завол қарор дошт, ҳифз карда, таҳким бахшиданд.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи муаллиф, Пешво ва қаҳрамони миллат он касест, ки барои миллат шукӯҳу сарафрозӣ ва мақому манзалат ато карда, дар лаҳзаҳои ноумедию шикаст ва парокандагӣ миллатро наҷот бахшидааст ва инчунин, Ватанро аз вартаи хорию зиллат раҳонидааст.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар шумораи рӯзи 5 октябр мақолаи журналист Далери Абдуллоро таҳти унвони “Ҷавониро фидо карданд, то…” чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи таърихиеро тай намуд, ки масири пур аз монеаву мушкилот маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи муаллиф дар заминаи дурандешии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд хислатҳои накӯи инсонӣ, аз қабили таҳаммулгароӣ, шукргузорӣ, сабру тамкин ва бахшидани якдигар меҳвар қарор гирифта, фосилаи расидан ба сулҳу субот фарсахҳо наздиктар шуд.
Ҳамин фазилатҳои оливу азалии Роҳбари хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштии миллӣ ҳидоят намуда, аз баракати иқдомоти беназиру судовари Сардори давлат дастовардҳо дар ҳама соҳа рӯ ба афзоиш овард, – хулоса кардааст муаллифи мақола.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 05 октябр дар сармақолаи худ корномаи сӣ соли раҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бозгӯ карда, навиштааст, ки таърих пешвоёнро ба миён меорад, пешвоён таърих меофаранд ва Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қарор гирифт.
Ба навиштаи муаллиф аз умри ҷавони 40-сола 30 соли дигар сипарӣ шуд. Ӯ ба камолоти 70 расид. Дар ин муддат чӣ ифтихороте насибаш гашт? Нӯҳ фарзанди баркамол, ки ҳар кадом ҷойгоҳи худро доранд. Давлати тозабунёди соҳибистиқлол, ки аз коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ, порашавӣ наҷот дод, захмҳояшро тадовӣ кард, камолот бахшид, шуҳрати ҷаҳонӣ дод, соҳиби дастовардҳо намуд, нисбаташ амалеро ба анҷом расонид, ки имрӯз ҳар зодаи кишвар бо ифтихор мегӯяд: — Ман тоҷикистониям!
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре аз хунукназарӣ ва саҳлангории Кумитаи давлатии сармоягузоӣ ва идораи амволи давлатӣ дар муносибат бо расонаҳои хабарӣ ба шиддат интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф бо вуҷуди ду дархости расмии ин ҳафтанома унвонии кумитаи мазкур, масъулини ин ниҳод бо гузашти наздики як моҳ ба ин дархостҳо посух надоданд. Муаллиф таъкид мекунад, ки танҳо баъди нашри матлаби интиқодӣ дар сомонаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, масъулини Кумитаи сармоягузорӣ бедор шуда, посух ба мактубро саросемавор ба паёмрасони нашрия ирсол кардаанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 6 октябр дар мақолае тақдири ояндаи Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”-ро баррасӣ карда, ёдовар шудааст, ки ахиран раҳбарияти ин ширкат иваз карда шуд. Муаллиф таъкид кардааст, ки айни замон Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” амалан аз фаъолият бозмонада, дар умум аз идораҳои мухталиф наздики 40 миллион доллар қарздор аст.
Муаллиф дар ин мақола аз қавли коршиносон тахмин задааст, ки агар вазъияти молиявии “Тоҷик Эйр” беҳбуд наёбад, ҳукумати кишвар маҷбур аст ин ширкатро ё муфлис эълон кунад ва ё онро ба фурӯш гузорад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре таасуроти шаҳрвандони Русия аз буду бош дар шаҳри Душанбе ва муносибати мардуми Тоҷикистон бо онҳоро нашр кардааст. Нашрия менависад, ки дар рӯзҳои охир шумораи шаҳрвандони Русия баъди эълони фармони сафарбарӣ ба артиш дар кишварашон, дар кӯчаҳои Душанбе ба якборагӣ афзуд. Аскари мусоҳибони ҳафтанома зикр кардаанд, ки аз муносибати гарми мардуми Тоҷикистон ва меҳмоннавозии тоҷик дар ҳайрат мондаанд. Дар баробари ин ба меҳмонон аз Русия фазои сабзи Душанбешаҳр, нархҳои дастраси хизматрасониҳо, аз ҷумла, таксӣ, ғизо ва манзили иҷора хеле писанд омадааст.
Зиёратшои Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”