Имрӯз, 7 октябр, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда шуд.
«Ба Сафири Қирғизистон нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти роҳбари маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Ч. Кустебаев супорида шуд»,- омадааст дар хабари сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Зимнан зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ин гуна изҳороти пасти котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистонро чун далели аз миён рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани ахлоқи одии дипломатӣ медонад.Таъкид гардид, ки ин тавзеҳоти намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон кӯшиши дағалонае барои таҳмили ақидаи бардурӯғ ба афкори умум доир ба сабабҳои аслии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки чунин изҳороти риёкорона ба ҳолат ва ҳарфи протоколҳое, ки ҷонибҳо 19 ва 25 сентябри соли 2022 имзо кардаанд, мувофиқат намекунад.
Зимни мулоқот доир ба зарурати ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз пайдо шудани паёмҳо дар фазои иттилоотӣ, ки метавонанд ҷомеаи ҳарду кишварро ба иштибоҳ андозанд, табодули афкор сурат гирифт.
Акс: ВКХ ҶТ