Баррасии вазъи публитсистика дар замони Истиқлол дар Академияи ВАО

Дар МД “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Публитсистика ва баъзе масъалаҳои он дар даврони истиқлолият” баргузор гардида истодааст. – иттилоъ медиҳад хабарнигорамон Парвина Самандарзода аз ҷараёни конфронс.

Дар конфронс Роҳбарияти Академияи ВАО, намоянда аз Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, устодони донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ, донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ ва намояндагони ВАО ширкат доранд.

Мутобиқи рӯзномаи конференсия гузориши аввалро Раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилзода дар мавзӯи “Баъзе масъалаҳои публитсистика” ба аҳли толор ироа намуда, иброз дошт, ки айни замон баъзе аз жанрҳо, махсусан жанри “сармақола” дар нигоштаҳои журналистон ва аҳли эҷод истифода намешавад ва ин жанр аз байн рафтааст.

Сипас, Шариф Муллоев устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар мавзӯи “Осори публитсистии Асадулло Саъдуллоев ва аҳамияти илмии маънавият ва фалсафа дар ҳаёти инсон” (бо забони русӣ) баромад намуда, гуфт, ки Асадулло Саъдуллоев дар навиштаҳояш ба ҳаёти инсонӣ арҷ гузошта, проблемаҳои мавҷударо ошкор баён намудааст.
Маврид ба зикр аст, ки конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалии “Публитсистика ва баъзе масъалаҳои он дар замони истиқлолият” дар ду бахш баргузор гардида, то соати 16:00 дар Академияи ВАО идома меёбад.