Рангинкамони ӯ… Нигоҳе ба эҷодиёти Парвин Гулов

Расмҳо рангҳои зиндагиянд, ки бо тахаюл, завқу эҳсоси баланди зебоиофарӣ ва диду нигоҳи ҳассоси тавсиргар ба ҷилва омадаву рӯйи парда ба шаклу намоди зебое пеши дидаи бинанда густурда мешаванд. Ин офаридаҳо маҳсули ранҷи андсолаи марди ҳунарваре бо исми Парвин Гулов мебошанд. Парвин ба гоҳи таҳсилаш дар дасбитони ноҳияи Ванҷи ВМКБ завқу ҳавасҳои фаровону фурӯзоне дошт дар инзивои қалб, ки мехост шуълаи ҳамими синаро бо ҳунар тавъам бинмояд, то таскини рӯҳу ҷисму ҷонаш бошад ин масир.

Ҳамин армону орзуву умедҳои гулкардаву сабзи бачагиҳо ӯро ба Душанбе оварданд, то таҳсилдидаи пешаву пайраҳаи интихобаш бошаду аз гулбоғи ҳунаркада гули мақсуд бичинад. Ҳамин тариқ Парвин соли 1995 озими пойтахт шуду ба коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов шомил шуду ба қасди шикасти ҳавасҳои дилаш хуб хонду ҳунарашро сайқал бахшиду розу ниёзи санъати зебои рассомиро аз бар намуд. 

Парвин дар аҳду овоне таҳсили илм дошт, ки дар кишвар давраи нобасомониҳо ҳанӯз ҳам поён наёфта буданд. Алорғми ҳама сангиниву мушкилиҳои тоқатфарсо, ба қасду қавлу қарору мақсуд, хонду ба соате аз омӯзиш дасту дил нашӯст, чун хубу пухта медонист, ки дар саргаҳи масири муваффақият, ҳамвора монеаҳоро гузар мебояд. Олами эъҷозу эҷод хеле фаррох, гоҳо болотар аз тасаввур, бузургтар аз дунёи воқеӣ, фаротар аз пардаи пиндор, бекаронатар аз фалсафаи зебои зиндагӣ ва гуворову рангинтар аз болҳои ҷумла мурғон аст, яъне ҷавҳари ҳастӣ танҳо дар вуҷуди нафаре ба умқ, саҳеҳу жарф реша медавад, ки тариқи шири модар ба гоҳи таваллуд дар ҳар рагу пайвандаш чу хун давр мезанад. Парвин аз ин атои Будгор, яъне ҷавҳар, ки ба андозаи кофӣ дошт, ҳунарашро сайқал бахшиду суфта сохту ба эҷоди асарҳо пардохт. Дар офаридаҳои ӯ рангрезиҳо ба шеваву услуби нафису зебо инъикос ёфта, мавзӯи эҷодаш тасвири табиати тозаву гулрези кишвар, деҳу дашту дамани диёри нозанин бо омезиши суннатҳои сирфи миллӣ ба хубӣ мушоҳида мегардад.

Симои фариштаи заминӣ, яъне инъикоси чеҳраи модар дар эҷодиёти Парвин нақшу мақому манзалати вижа дошта, офаридани ин асар барои ӯ қаблтар аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки муҳаббаташро пеши бузургиву офаридгории модар тариқи рангҳо баён месозад. Дар эҷодиёти Парвин зиндакашӣ низ ҷойи хоса дорад. Парвин бо асарҳои офаридааш дар чандин симпозиуму маъракаҳои сатҳу дараҷаи мухталифи дунёӣ ширкат варзида, ҳунару санъати волои худро намоиш додааст.

Офариниш рӯйи авроқ шеваи ҷавҳаршиносии мусаввир будааст, ки чун эҷод уфтод аз андешаву афкор рӯйи ангор ва шабеҳи тифле тавлид ёфту пешорӯи мардумон омад падид, пас он дарду алами қалами эҷодкор аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳу тариқа, ҳатто дар нозуктарин аморати эҳсосҳои ангора рангу реби дагар ба таркиб намеорад. Парвози пар-пару паруболи баланди мурғи илҳоми Парвинро хаёлу тафаккури тоза, сарчашмаву оғоз ё маҳаки масири тасовир, табиати тозаву тари ҳамешасабзи Тоҷикистон будааст, ки ҳамвора туғёни шарораи хотираҳои зеҳну зикри офарандаро бо шаҳомату шукӯҳи офаридгорӣ бедор месозад, то офараду рангрезиву кунаду рангбезӣ. Эҷод, ки ба решаву равияву рушду ривоҷ шохаву риштаҳои ҳазоргуна дорад ва ба тафаккури тахаюлофарии эҷодгар ба жарф марбут бувад, далелу мадраки дақиқи аст, ки гоҳову сари ҳар сухану тасвиру пиндор, мешавад, ки алорағми ноқабули дили шурҷӯшу завқии соҳиби мӯқалам писанду пазиро набошад.

Сар аз фурсате, ки Парвин ба олами рангҳо вуруд шуду печопеч дар ин дунёи фасона ғуттавар гашту офариду эъҷозаш ҳастияшро рахшону рушан бинмуду ба торҳои эҳсоси завқаш меҳри бекаронаи рангрезӣ панҷа заду реша давонд, фаротари 20 сол гузора гардид, ки ҳар асари офаридааш асаре аз заҳмату машаққату андеша дар омезиши тахаюл боқӣ монд. Дар бадали ин сари солҳову муддатҳои тавили гузорагашта, ки ин ҷавон ҳастияшро ба ҷуз ин пайраҳаву пеша ва омӯхтану донистани он сарфу харҷ кард, худро ба жарф ба гирдони эҷод бурд, то гавҳари ҷавҳарро ба каф биёрад.

Печутобу тобишу ноҳамвориҳои нобасомони рӯзгори рӯзихор аст, ки гоҳо инсон дар оинаи зиндагӣ муҳтоҷманди хокистар асту дасту дил аз ҳама чиз мешӯяд, аммо гардиши гунаи гардони гетист, ки дигарбора касро сари андешаву завқу эҷодаш меорад ва ба олами орзуву ҳавасҳои фурӯзандааш оғӯшта месозад. Парвин ҳам сари ҳар нафас, ки ҳар аз гаҳе ба торҳои ҷонаш эҳсоси ранҷиш аз ин пеша медид, мехост тарки касбу кор кунаду канор биравад, вале, боз хуморе ҳар нафас, пурҳавас ба ёди кору касби писандида дил беихтиёр сунаш метапад девонавор, ки бармегардӣ дигарбор.

Ҳар эҷодкоре баҳри амалӣ гаштани орзуҳои андсолааш эҷодгар мешавад, ҳамон шевае, ки Парвин хостори инъикоси солҳои нооромии кишварро дорад ва мехоҳад марбут ба ин санаи сиёҳи таърихномаи миллати мо, ки намунаи ибрати имрӯзиён бувад, намоишгоҳе ҳам тартиб бидиҳад.

                                                    Лутфуллои Азиз

рӯзноманигор