Тими мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Кинг-2022” дар Тайланд бо тими миллии Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад.
Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Кинг-2022” аз 22-юм то 25-уми сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор мегардад. Дар даври ниманиҳоии мусобиқот Тоҷикистон бо Тринидад ва Тобаго ва Тайланд бо Малайзия дидор анҷом медиҳад. Бозиҳои даври 1/2 финал 22-сентябр баргузор мешаванд.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25-сентябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи “700-солагии Чианг Май” доир мешаванд.
Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Кинг 2022”
Даври нимфинал
Рӯзи 22-сентябр (панҷшанбе)
Соати 19:30 — Тринидад ва Тобаго — Тоҷикистон.
Соати 22:30 — Тайланд — Малайзия
Рӯзи 25-сентябр (якшанбе)
Соати 19:30 — Рақобат барои ҷойи сеюм
Соати 22:30 — Финал