Паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми поягузорони самбо”, ки рӯзҳои 10-ум 11-уми сентябр дар шаҳри Маскави Россия баргузор гардид, аз риштаи самбои варзишӣ дар вазни -58кг медали тиллоро ба даст овард.
Ин мусобиқа қаблан ба хотираи Анатолий Харлампиев баргузор мешуд. Дар “Ҷоми поягузори самбо” мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 11-варзишгар иштирок намуданд.
Акмалиддин Каримов дар вазни -58кг дар риштаи самбои варзишӣ, ки дар ин вазн 16-иштирокчӣ ширкат варзид, ҳунари воло нишон дода, медали тиллоро соҳиб шуд. Дар рақобати ниҳоӣ Акмалиддин варзишгари рус Харун Тлишевиро шикаст дод ва ҷойи аввал насибаш гашт. Дар ҳисоби даставӣ оид ба самбои варзишӣ миёни мардон мунтахаби Тоҷикистон баъди дастаи мизбон – Россия, ки дар 6-вазни дигар ғолиб омад, мақоми дуюмро касб намуд.