Акс аз “Тоҷикфилм”
Аз 13-ум то 18-уми сентябри соли 2022 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Синамоҷашнвораи XIV байналмилалии Тошканд «Дурдонаҳои роҳи абрешим», ки соли 2021 бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев эҳё гардид, баргузор мегардад.
Ба иттилои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар доираи Синамоҷашнвораи мазкур баргузории чорабиниҳои синамоии зайл ба нақша гирифта шудааст:
- Озмуни байналмилалии «Кино дар муддати панҷ рӯз»,
- Рӯзҳои кинои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай,
- Рӯзҳои кинои ҷаҳонӣ,
- Рӯзҳои кинои мустанад,
- Рӯзҳои кинои Тоҷикистон,
- Рӯзи кинои Ӯзбекистон,
- Шурои VI директорони киностудияҳои ИДМ
- Ҳамоиши синамоии созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ (ТЮРКСОЙ),
- Муаррифии филмҳои муштарак миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
- Чорабиниҳои филиали ДДУК (ВГИК) дар Тошканд
- Барномаҳои маърифатии дарсҳои «Устод ва шогирд», кинофорумҳо, мизҳои мудаввар ва мулоқотҳои эҷодӣ бо синамонигорону коргардонҳо ва ҳунарпешаҳои маъруфи ҷаҳонӣ.
Ҳамзамон, дар ин замина зиёда аз 20 Меморандуму қарордодҳои ҳамкорӣ оид ба таҳия ва наворбардории филмҳои муштарак ба тасвиб расонида мешаванд.
Бо розигии Президенти Ҷумҳуроии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даъвати Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекситон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои синамоӣ ҳайати зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар менамояд:
“Тоҷикфилм” менависад, ки 8-уми сентябри соли 2022 Озмуни байналмилалии «Кино дар муддати панҷ рӯз» оғоз гардид ва дар радифи 1500 нафар синамонигорони ҷавони 19 кишвари олам дар ин озмун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон коргардони ҷавон Ғоибова Бибираҳима, наворбардор Азизов Ҳусейн ва филмноманавис Таҳмина Муминова бо лоиҳаи синамоии «Роҳ» иштирок менамоянд.
Дар доираи Синамоҷашнвораи байналмилалии Тошканд “Дурдонаҳои роҳи абрешим” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон (13-18.09.2022) баргузор мегарданд.
Дар ин замина, филмҳои ҳунарӣ ва мустанади Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, аз қабили филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд”, коргардон Муҳамадрабии Исмоил, филми ҳунарии “Роҳ” коргардон Носир Саидов, филми ҳунарии кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо” коргардон Умедшо Мирзоширинов, филми мустанади “Масири ҳамдилӣ-СҲШ” коргардон Файзулло Файзов, филми мустанади “Се рӯзи як баҳор” коргардон Рустам Шоазимов, дар шаҳрҳои Тошканд ва Урганҷ барои алоқамандони синамо намоиш дода мешаванд.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар бораи таҳия ва наворбардории филми ҳунарию таърихии муштарак доир ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, дар симои абармардони олами ирфонӣ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ мавриди корбарӣ қарор гирифта, дар ин самт консепсияи филм таҳти унвони “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”омода карда шуд.
Аз рӯйи ҳамин консепсия филмноманависони ҳарду ҷониб Сафар Ҳақдодов ва Рустам Ҷабборов бо иштироки фаъоли олимону таърихнигорон ва синамогарони тоҷику ӯзбек филмномаи филми ҳунарии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”-ро таҳия намудаанд, ки дар доираи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон муаррифӣ ва муҳокимаю баррасӣ гардида, дар ин замина, ба тасвиб расонидани Қарордод оид ба шурӯи истеҳсоли филми ҳунарию таърихии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар назар дошта шудааст.
Инчунин, дар доираи баргузории Шурои VI директорони киностудияҳои ИДМ дар шаҳри Тошканд доир ба таҳия ва наворбардории филми ҳунарии муштараки “Норак” миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Корхонаи воҳиди “Киностудияи миллии “Беларусфилм”, ҳамзамон, доир ба филми тасвирии муштараки “Бабри барфӣ” бо киностудияи “Лендок” Меморандумҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Дар филиали Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография шаҳри Тошканд намоишгоҳи мусаввараҳои донишҷӯёни ин даргоҳи ҳунар баргузор мегардад.
Ҳамзамон, се самти таълимӣ-маҳорати ҳунарпешагӣ, маҳорати наворбардорӣ ва коргардонии синамо аз соли нави хониш дар филиали ДДУК (ВГИК) -и шаҳри Тошканд таълим дода мешаванд, ки барои довталабону хоҳишмандони соҳаи синамо муносиб ва манфиатовар хоҳад буд.