Дидори Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров: Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон дар назар аст

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар Маскав дидору гуфтушунид намуд.

Тавре дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот сарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Дар робита ба ин тавофуқ ҳосил шуд, ки ҳамоҳангсозии вазоратҳои хориҷа пас аз анҷоми мутобиқкунии бастаи асноди дуҷониба, ки мавриди баррасӣ қарор доранд, идома ёбад.

Зикр мегардад, ки зимни мулоқот инчунин ба масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи амният бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунӣ дар Афғонистон диққати махсус дода шуд.

Вазирон ҷараёни рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро мусбат арзёбӣ намуда, масъалаҳои омодагиҳоро ба Форуми сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки қарор аст 15 сентябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар ин дидор вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2022-2023-ро ба имзо расониданд.