Масъалаи ба истиқлоли давлатӣ расидани кишварҳои гуногун дар гузашта ва имрӯз аз масоили беш аз пеш матраҳшаванда мебошад. Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ё худ ҷаҳонисозӣ, ки раванди мазкур бештар ба суди қудратҳои ҷаҳонӣ ва дар зиёни кишварҳои рӯ ба инкишоф баррасӣ мешавад, гурӯҳе аз давлатҳоро ҷиҳати дастрасии истиқлоли давлатӣ ва гурӯҳи дигарро бобати маҳви вижагиҳои истиқлолхоҳӣ бинобар роҳандозӣ шудани аҳдофи геосиёсӣ дармеёбем, ки воқеияти ҷаҳони муосирро дар бар кардааст.
Бинобар ин, тасмим гирифтем масъалаи ҳифзи истиқлоли давлати тоҷиконро дар чунин авзоъ бо дарназардошти рушди илмҳои ҷомеашиносӣ мавриди таҳқиқ қарор диҳем. Айни замон, ҷомеашиносии Ғарб дар таҳмили андешаҳое ва кирдорҳое сахткуш мебошад, ки онҳо дар таърих мавқеъ наёфта, зимни рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа дар замони постмодерн ба партов мубаддал гардидаанд. Пеш аз ҳама, дар зумраи инчунин партовҳои маънавӣ мо таассуб ва зӯроварии диниро мушоҳида карда, бегумон ба хулосае меоем, ки агар Ғарб фақат аз роҳи ҷудо кардани дин аз давлат дар замони Эҳё рушди ҳамаҷонибаро барои давлатҳои дар ғарби Аврупо қарордошта таъмин гардонид, вале кунун ҷиҳати боздошти кишварҳои рӯ ба инкишоф ва таъмин намудани қудрати ҷаҳонии худ андешае дар қолаби ҳамоҳангии дину давлат таблиғ карда, ба зуҳур ва фаъолияти густурдаи аҳзобу наҳзатҳову гурӯҳҳои террористии сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Эҷод намудани монеаҳо дар рушду тақвият ёфтани истиқлол дар дилхоҳ мамлакат маҳсули тафаккур ва идеяи ҷаҳонисозӣ аст, ки нақши калидии баҳамовариро дар фаъолияти сиёсии раҳбари давлат инкор мекунад ва низоми сиёсиро тавре баррасӣ медиҳад, ки ба ормонҳо ва нақшаҳои геосиёсии абарқудратҳо мувофиқ бошанд. Аз ин хотир, ҳеҷ давлати рӯ ба инкишоф дар мусоидат ва дар муноқиша бо Иттиҳоди Аврупо наметавонад истиқлоли давлатиро дар ҳудуди кишвари хеш ҳифз кунад ва зарурати барпо кардани равобити густурда бо боқимонда қудратҳо пайдо мешавад. Ин вазъи кишварҳоро дар шароити ҷаҳонисозӣ метавон дар таъсис ёфтани иттиҳоди нави давлатҳо, аз ҷумла ИДМ пажӯҳиш намуд ва хулоса баровард, ки давлатҳо ба худии худ дар замони постмодерн наметавонанд истиқлоли худро ҳифз кунанд.
Ҷомеашиносони амрикоӣ ҷиҳати ба ҳар ҷониб бурдани таваҷҷуҳ барои давлатҳои Ховари Миёна аз бародари бузург ҳарф мезананд, дар ҳоле ки ин гуна бародарони бузургро худ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои геополитикӣ изҳор медоранд. Ба таъбири онҳо, чунин бародарбузург барои аксар кишварҳои Осиёи Миёна Туркия мебошад, аммо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеашиносон аз ИМА Эронро интихоб кардаанд. Ҷомеашиноси фаронсавӣ Морлен Лорюэл зимни баррассии ҳувияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дарназардошти таҳияи сиёсати хориҷӣ аз гироиши номаҳдуди халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нисбат ба Туркияву Эрон изҳори андеша намудааст: “Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии худ иддаои Туркияро дар нақши “бародари бузург” шадидан маҳдуд сохтаанд, ки солҳои 90 – уми садаи сипаришуда кӯшиши дар ҳувияти туркӣ муттаҳид сохтани ҳамаи миллатҳои минтақа зуҳур гардид. Дар равобит бо Эрон низ чунин гироиш мушоҳида мешавад” [1, с. 13]. Алҳол, дар дохили кишвари тоҷикон гироиши аҳли зиё, пеш аз ҳама уламо ба Эрон чун ба кишваре ки бо мо ҳамзабон ва таъриху фарҳанги воҳид доранд, бешумор аст, аммо гиравидан ба ғайри худ дар замони муосир маҳвшавист ва ҳеҷ ҳувияти такмилёфтае гироиш ба чапу ростро қабул надорад. Рӯзноманигор ва узви ҷамъияти файласуфони Амрико Томас Фридман зимни иқомат доштанаш дар Бангалори Ҳинд фикр мекард, ки майдони рақобати ҷаҳонӣ ва марказҳои пажӯҳишӣ ба як шабакаи ҷаҳонии муттасил табдил ёфтаанд. Бавижа, фановарӣ, ниёзмандӣ ва нигариш ба ҳувият ва масоили марбут ба он ба унвони як масъалаи ҳамешагӣ матраҳ хоҳад шуд. Номбурда, бо дарназардошти ин ки бахше аз ҷамъияти Ҳинду Чин дар бозори ҷаҳонӣ кор мекунанд, тағйиротеро мебинад, ки қарор аст ояндаро аз дидгоҳи ҷаҳонишавӣ таъин кунад. Замони дарёфту дастрасии истқлоли давлатӣ бо бархурд ва муноқишаҳои шадиди гурӯҳҳои мухолиф оғоз гардида, оқибат қудрати сиёсӣ неруҳои мутаассиби исломгароро бинобар иштиғол доштан дар интиқоли инқилоби исломӣ ва роҳандозӣ шудани навъҳои мухталифи терроризм мутаҳҳам намуданд. Агар дилхоҳ неруҳои сиёсӣ дар дилхоҳ кишваре бо дарназардошти интиқоли ормонҳои миллии мансуб ба аҷнабӣ фаъолият бинмуда, кӯшиши татбиқ сохтани низоми таҳмилӣ мекунад, дар ҳеҷ сурат муваффақ нахоҳад шуд. Чунин истротужӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ бештар мавриди роҳандозӣ қарор доштаанд ва дар ҳамаи давлатҳои собиқ Шӯравӣ шуруъ аз солҳои 90-уми садаи гузашта сенарияи бо татбиқи роҳҳои мухталиф дахл варзидани аҷнабӣ дар умури дохилии он кишварҳо мушоҳида мешавад. Аммо бо пажӯҳиши ин ки чаро тибқи аҳдофи геополитикӣ ҷиҳати тағйир додани низоми сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаллиғини қудратҳои ҷаҳонӣ намунаи инқилобии исломиро интихоб кардаанд, моро аз лавозим аст, ки аввалан, объект ва сониян, субъекти геополитикаи муосирро дастрас намоем.
Лозим ба ёдоварист, ки қудрат аз васеъ паҳншавии муслимин бохабар ҳастанд ва хеле хуб дарк менамуданд, ки раванди мазкур сатҳи густариши ҳувияти фарҳангии кишварҳои тавсеаёфтаро ноком мегардонад. Масалан, ҷомеашиноси амрикоӣ Самюэл Ҳантингтон борҳо гӯшзад мекард, ки ҳувияти ғолиб бар соири ҳувиятҳо, яъне ҳувияти фарҳангии амрикоӣ, ки дар пояи протестантизми бритонӣ ташаккул ёфтааст, дар авоили садаи XXI бинобар нуфуз ёфтани ормонҳои мутааллиқ ба ислом осеб мебинад ва ИМА чун кишваре, ки таҳияи сиёсатҳо ғолибан дар марзи ӯ ба вуқуъ мепайванданд, ҷиҳати ягона усули нигаҳдошти қудрат, ки ҳувияти аҳолии он аст, ба инқирози маънавӣ рӯ ба рӯ мешавад. Дар ҳоле ки маҳз Ҳантингтон бо дарназардошти таҳияи сенарияи ошкорбаёнӣ (плюрализм) зарбаи маънавӣ бар пайкари низоми сусиёлистӣ зада, марги болшевизмро таъмин намуд, аммо дар масъалае, ки хоси мақолаи мост, таҳияи “панисломизм” дар як замон баробар бо “саҳюнизм” ва “сусиёлизм” эҷод шудааст, бештар матраҳ хоҳад шуд.
Иқрор мебояд кард, ки ҳануз дар садаи гузашта қудратҳои ҷаҳонӣ тавассути афроди илзомшуда (Ризохони Паҳлавӣ, Камол Мустафо Отатурк, Муҳаммад Алии Ҷанноҳ ва дигарон) дар мамлакатҳои мусалмоннишин андешаи бартарӣ доштани исломро аз соири адён ҷойгузин сохта, маҳз бо истифода аз эҷод намудани таассуби динӣ кишварҳоро аз рушд боздоштанд ва муқаддам аз он бинобар таблиғи Саид Ҷамолуддини Асадободӣ ва Шайх Муҳаммад Абдуҳ таҳти унвони “панисломизм” муслимини дунёро бо истротегияҳои номақбуле чун “ваҳҳобия”, “салафия”, “баҳовия”, “ҳизбуттаҳрир”, “ансоруллоҳ”, “ихвонулмуслимин” ва ҳоказо мубтало сохтанд. Бинобар ин, бо дастрас шудани истиқлоли сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инчунин таассуб ва тахрибкорӣ дар рафтору гуфтори пайравони Нурӣ ва соири афроди заҳролудшуда мушоҳида мешуд, чунки мо истиқлолро дар соли 1991 соҳиб гардидем, аммо олиҷанобон аз ҳизби наҳзат ҳануз соли 1986 тазоҳурот ҷиҳати интиқол намудани Инқилоби исломии Эрон дар водии Вахш барпо намуда буданд. Чаро маҳз Эрон, ки он ҷо ба шиаи исноашария мақоми давлатӣ дода шудааст? Бештари мубаллиғини амрикоӣ, ки бо пардаи коршиноси улуми ҷомеашиносӣ ба минбарҳо раҳбарӣ мекунанд, баробар бо таҳияи сиёсати мусоид ҷиҳати гирифтор кардани кишварҳои рӯ ба инкишоф аз иртиботи ирсии аҳолӣ суиистифода мекунанд, ки бобати исботи фикр метавон аз вожаи “бародари бузург” истифода кард. Барои аксар кишварҳои пасошӯравӣ (Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон) чунин бародаркалон Туркия аст, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо аз мавқеъ ва вазъи ин кишвар васеъ истифода мекунанд, аммо барои Тоҷикистон фақат Эрон бародари бузург аст ва ҳамчунин, дар хориҷи кишвар низ хеле хуб дарк кардаанд, ки аҳли зиёи Тоҷикистон аз худ бештар ба Эрон эътимод доранд. Шояд ҳамин омили мутазаккир сабаб шуд, ки солҳои интиқоли инқилоби исломӣ анбуҳи бузурги ҷомеаи Тоҷикистон ҷиҳати пайдо кардани паногоҳи сиёсӣ маҳз Эрон ва шиаи дувоздаҳимомаро интихоб карданд. Вале як нафар ватандӯст ва худогоҳ аз зумраи тоҷикон пайдо шуд, ки ин раванди басе зиёноварро боздошту ҷиҳати баргардон кардани фирориён иқдом намуд ва истиқлол чӣ дар маънои маънавиаш ва чӣ дар маънии иқтисодии хеш бо номи Эмомалӣ Раҳмон печидагии шадидеро мемонад, ки яке бе дигарӣ тасаввурпазир намебошад.
Китоби Ҳантингтон “Тартиботи сиёсӣ дар ҷомеаҳои тағйирёбанда” то имрӯз яке аз муҳимтарин асарҳо оид ба масъалаҳои қудрат ва нақши он дар ислоҳот ва инкишофи ҷаҳони ҳозира боқӣ мемонад. Дар баробари шакл гирифтани давлатҳои соҳибистиқлол, фарқияти байни даъвоҳои онҳо дар бораи мавқеи сазовор дар ҷаҳони муосир ва низоми анъанавӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ вуҷуд дошт. Коршиносони ғарбӣ тибқи назарияи «муосирият”, яъне мудернсозии мамолики ҷаҳони савум ба ҷомеаҳои типи ғарбӣ табдил додани кишварҳои рӯ ба инкишофро пешгӯӣ карданд. Аз ин рӯ, «муосирият” -ро аксар вақт бо «ғарбшавӣ» (аз инглисӣ “western” – ғарбӣ, “westerners” – маскуни Ғарб) ифода мекарданд. Ба таъбири Ҳантингтон, навсозиҳои сиёсӣ дар кишварҳои тавсеанаёфта ба эҷоди режимҳои сиёсии қобил ба давомпазирӣ аст. Мудернсозӣ ва дар ҳоли мудерншавӣ қарор доштани кишварҳои рушднокарда ба қудрати ҷаҳонӣ табдилёбии Амрико мусоидат хоҳад кард ва бидуни тардид онҳо барои моделсозии кишварҳо омодаанд. Ин манзараи сиёсиро ҷомеашиноси амрикоӣ чунин тасвир мекунад: “Мудернсозӣ, яъне навсозии сиёсӣ дар амал ҳамеша мусталзими тағйир ва маъмулан тахрибкории низоми сиёсии суннатӣ аст, аммо лузуман мунҷар ба тағйироти қобили таваҷҷуҳе зимни пешрафти иҷтимоии густурдаи муосирсозии иҷборӣ содиқ аст. Айни ҳол, пешрафт нисбат ба дигар аҳдофе, ки муҳаққиқон бо навсозии сиёсӣ муртабит мекунанд, чун демократӣ, субот, тамоизи сохторӣ, идеологияи муваффақ, якпорчагии марзиву миллӣ ва амсолашон ҳадди аққал машкук ҳастанд” [2, с. 37].
Ин андешаҳо моро водор мекунанд, ки дар тақвияти худогоҳии миллӣ бикӯшем ва ҷиҳати дарки масоил ва вижагиҳои раванди ҷаҳонишавӣ бетараф набошем, чунки маҳз бохабарӣ имкон фароҳам меорад, ки чиро қабул кунем ва чиро на!
Машраби Абдуллоҳ,
котиби матбуотии АМИТ
Адабиёт:
1. Морлен Ларюэль, Внешняя политика и идентичность в Центральной Азии, “Центральная Азия и внешние державы”, М., – 2013, 130 с.
2. Хантингтон С. Политический порядок в меняющихся обществах, М., Прогресс-Традиция, – 1968, 240 с.
Бознашр аз www.anrt.tj