Соҳибкорони Туркия барои густариши ҳамкориҳо ба Тоҷикистон омаданд

Соҳибкорони шаҳри Қунияи Туркия барои дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон омаданд.

Тавре Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, соҳибкорон бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, роҳбарияти дигар вазорату идораҳо ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфтугӯ намуда, дар Душанбе вохӯрии соҳибкор бо соҳибкор дар сиғаи “В2В” миёни ширкатҳои тоҷикӣ ва туркӣ сурат гирифт.

Ҳамзамон зикр мегардад, ки тибқи барномаи сафар баргузории нишастҳои корӣ бо ҷалби доираи васеи ширкатҳои ду кишвар дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара бо назардошти боздид аз корхонаҳои саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар назар аст.