Президенти собиқи Малайзия Наҷиб Раззоқро суди Куала-Лумпур барои сўйистифода аз мақом дар масъалаи гум шудани миллиардҳо доллар аз хазинаи инвеститсионии давлатӣ гунаҳкор ҳисобид. Худи Разоқ даст доштанашро дар ин масъалаи коррупсионӣ рад мекунад. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.
Дар пойтахти Мексика шаҳри Мехико ду тан аз бонувони дастаи футболбозӣ аз зарбаи раъду барқ ба ҳалокат расида, се тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодиса дар Тлауак рӯх додааст. Бинобар бориши зиёди борон маҷбур шуданд, ки бозии футболро қатъ созанд, аммо панҷ тан бозигарон дар майдон монданд, ки мутаассифона ду тани онҳо аз зарбаи раъду барқ фавтидаву се тани дигар бистарӣ гардидаанд. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.
Шабонарўзи гузашта дар давлати Хитой 102 ҳодисаи нави сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Ба ҳисоби умум дар Хитой 83 959 ҳодисаи сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 4634 тан фавтидаанд. Дар ин бора РИА новости хабар додааст.
Дар Булғористон 19 рўз инҷониб гирдиҳамойиҳои эътирозӣ ҷараён дорад. Эътирозгарон талаби истеъфои сарвазири кишвар Бойко Борисов ва прокурори генералӣ Иван Гешевро доранд. Дар ин бора ТАСС хабар додаст.
Ҳукумати муваққати Боливия дар саросари кишвар реҷаи камбизоатии миллиро эълон кардаанд, то барои мубориза алайҳи бемории коронавирус тавонанд ки соҳиби қарзҳои имтиёзнок гарданд. Дар ин кишвар 71 ҳазор ба ин беморӣ сироят ёфтаву 2 ҳазору 600 тан ҷон бахтаанд. Дар ин бора сомонаи
Дар Мексика аз тўфони Ханна 4 тан қурбон шуданд. Ҳамчунин 6 тани дигар беному нишон мебошанд. Тўфон боиси боришоти зиёди борон дар се иёлати ин кишвар – Тамаулипас, Коауила и Нуэво-Леон гардид. Дар ин бора сомонаи korrespondent.net хабар додааст.
Моҳшариф Холиқзода
масъули бахши “100 сония”