Тавре қаблан хабар додем, тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил карда мешавад. Дар робита ба таҷлили ин ид муроҷиатномаи Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ ба мардуми шарифи мамлакат манзури хонандагон мегардонем.
«Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифу сарбаланди мамлакатро бо фаро расидани Иди Қурбон табрику таҳният мегӯяд.
Бо қарори Шӯрои уламо таҷлили Иди Қурбон 31 июли соли 2020 муқаррар шудааст. Бинобар сабаби паҳншавии бесобиқаи бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани аҳолии мамлакат аз сирояти бештари он, тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад.
Иди Қурбон рӯзи хайру саховат ва дастгирии фақирону камбизоатон, бенавоёну ятимон буда, онҳое, ки қудрати қурбонӣ кардан доранд, бояд аз ҳоли фақирону мискинон бохабар шаванд.
Ҳикмати қурбонӣ он аст, ки мардуми камбизоат аз он баҳра баранд ва дар рӯзи ид ҳамроҳи дигарон шодиву сурур дошта бошанд. Дар ин маврид Пайғамбари Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Фақиронро аз суол намудан дар ин рӯз бениёз гардонед!».
Дар Иди Қурбон то се рӯз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Бо дарназардошти баргузор нашудани намози ид, тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ қурбонӣ бояд баъди тулӯи офтоб анҷом дода шавад.
Гӯшти қурбонӣ се тақсим карда шуда, қисме барои соҳиби қурбонӣ, қисме барои хешу табор ва ёру дӯстон ва қисми дигар ба одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд дода мешавад.
Хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзи ид мардум аз пухтани гӯшти қурбонӣ ва таом додани мардум худдорӣ намуда, онро ба хонаҳои кӯдакон, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон бурда диҳанд.
Одатан, дар рӯзҳои ид одамон ба хонаҳои якдигар рафта, дар ҳаққи гузаштагон дуо мекарданд. Ҳамчунин кӯдакон низ ба идгардак баромада, мардумро табрик мекарданд. Хотиррасон менамоем, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дуввуми бемории сироятии COVID-19 хуруҷ карда, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар ҳолати ташкил намудани идгардаки калонсолон ва хурдсолон эҳтимоли пахншавии дубораи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Одамон аз хонаҳои худ дар ҳаққи гузаштагон дуо кунанд, кифоя аст, зеро дуо аз ҳар ҷо қабул мешавад.
Дар мавриди ҳифзи сиҳатии омма, Пайғамбар (с) фармудаанд: “Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад.” Олимон зимни ҳадиси мазкур фармудаанд: «Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то ин ки беморӣ ба онҳо нагузарад».
Мувофиқи таълимоти шариат риояи муқаррароти фатвои Шӯрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар воҷиб аст. Аз ин рӯ, қотеъона тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кӯдакон қатъиян худдорӣ намоянд.
Дар баробари ин, хотирнишон мекунем, ки вақтҳои охир ҳангоми адо намудани намози ҷаноза талаботи Дастурамали «Тартиби дафни бандаи муъмин», ки аз ҷониби Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, сарфи назар карда мешавад. Намозҳои ҷаноза мисли пештара бо шумораи зиёди одамон, бе риояи қоидаҳои беҳдошт, бидуни пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ ва масофагирии ҷисмонӣ анҷом дода мешаванд. Ин ҳолат хатари воқеии сироят ба бемории COVID-19-ро дучанду даҳчанд менамояд.
Бо иштирок дар чунин ибодатҳо ҳар кас худ, хешу табор ва аторофиёнро зери хатари ҷиддии сироятёбӣ қарор медиҳад, ки чунин рафтор аз лиҳози дини ислом, хусусан мазҳаби ҳанафӣ қатъиян маҳкум мегардад. Аз чунин амали хатарзо ягон гуна савоб ҳосил намешавад, балки ин гуна ашхос муртакиби гуноҳ мегарданд.
Бинобар ин, Шӯрои уламо ҷиҳати эмин нигоҳ доштани мардум аз сирояти бемории COVID-19 қотеона тақозо менамояд, ки намозҳои ҷаноза бо иштироки шумораи камтарини хешу таборони наздики маййит, бо рияои қатъии Дастурамали «Тартиби дафни бандаи муъмин» анҷом дода шавад.
Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи 2 метр аз тобут дуртар меистад. Имом ва намозхонон бояд масофаро риоя намуда, ҳатман ниқоб пӯшанд.
Намозҳои ҷаноза танҳо аз ҷониби мутасаддиён – имомхатибон, имомони масҷидҳои панҷвақта ва шахсоне, ки ба ин кор муваззаф шудаанд, хонда мешаванд.
Бо таманниёти солимии ҷомеа мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Иди Қурбон аз самими қалб муборакбод менамоем. Ба кулли ҳамватанон ибодати мақбул, бахту иқболи баланд, хушбахтиву некрӯзӣ, барору комёбиҳо дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ, фазои софу беғубор ва неъмати бузурги тинҷиву осоиштагӣ таманно менамоем».
Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ