«Афкор»: вокунишҳо ба шеваи қабул ба донишгоҳҳо

Таъсиси Маркази миллии тестӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  шароитеро фароҳам овард, ки ҳар фарди соҳибмалакаи кишвар, ки хоҳиши дохил шудан ба ин ё он муассисаи таҳсилоти гуногуни касбиро дорад, бо истифода аз донишу малакаи худ метавонад ба таҳсил фаро гирифта шавад. Ин шароити фароҳам овардашуда ҳанўз аз ибтидо аз ҷониби сокинон истиқболи густурда ёфт ва тўли бештар аз 5 сол мешавад, ки шаҳрвандони кишвар бидуни додани ришва ба миёнаравҳо ба донишгоҳу донишкада ва дигар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ озодона дохил мешаванд. Хотиррасон менамоем, ки пас аз эълони натиҷаи тестҳои довталабон аз ҷониби Маркази миллии тестӣ, ки чанд рўз пеш сурат гирифт, мавзўи мазкур дигарбора дар маркази таваҷҷуҳи корбарони бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии фейсбук қарор гирифт. Баҳси истифодабарандагон дар зери андешаи видеоии Абдуқодир Талбаков сурат пазируфт, ки дар он номбурда аз имтиҳоноти тестӣ изҳори қаноатмандӣ намуда ва ҳамзамон хостааст, то ки довталабон дар ду донишкада – Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмўмин Раҳимов бидуни имтиҳони тестӣ, танҳо бо дарназардошти малакаву маҳорати онҳо қабул карда шаванд.     

Нахустин шуда зери ин навор Шоҳиён Нуралӣ, як истифодабаранда  навиштааст, ки:  Имсол як актрисаи мо, ки дар намоишномаҳои театрӣ, дар роликҳои ташвиқотиву тарѓиботӣ, дар дубляжи филмҳо чандин дафъа ҳунарнамоиву иштирок кардааст, аз имтиҳонҳои тестӣ нагузашт. Гарчанде маҳорати хубу симои мувофиқ ҳам дорад.

Муаллифи ин шарҳ дар идома афзудааст: Охирҳои солҳои 70 – уми асри гузашта, вақти дохилшавии мо дар ҷойи аввал маҳорати ҳунарии довталаб меистод. Танҳо аз рӯйи ихтисоси интихобкардааш се марҳиларо бояд мегузашт. Баъди онҳоро гузаштан боз имтиҳони ихтисосро месупорид. Агар имтиҳони ихтисосро бо баҳои 4-5 месупорид, он вақт дар имтиҳонҳои фаннӣ онро ба назар мегирифтанд. Мутаасифона, ҳоло ин тавр нест. Кадом довталабе агарчанде ихтисосҳои тамоман аз эҷодиёту маҳорат дурро интихоб карда бошаду холаш кам аст, Донишкадаи санъатро пешниҳодаш менамоянд. Баъдан, дар ҷараёни таълим маълум мешавад, ки ӯ аз ин касбу ҳунар фарсахҳо дур аст. Аз ин рӯ, мо ҳунармандони хубро пайдо карда наметавонем.

Ба инҳо монанд муассисаи таҳсилоти касбӣ, ки мебояд довталаб бидуни имтиҳоноти тестӣ дохил шавад, Консерваторияи миллии Тоҷикистон гуфта мешавад. Ба таъкиди Убайдулло Ибраҳимов, яке аз иштирокдорони ин баҳс, довталабон метавонанд ба ин муассиса ба таври тасодуф имтиҳони тестиро хуб супорида донишҷў шаванд, вале истеъдоди навохтани оҳангҳоро надошта бошад, дар давоми донишҷўйӣ чӣ кор мекунад? Аз ӯ на ҳунарманди хуб мешаваду на ягон муаллим.

«Ҳошим Гадо, ҳунарманди мардумии кишвар ҳам атрофи ин мавзуъ дар як суҳбатии телевизионӣ назари худро баён карда буд» – иброз доштааст Тоҳир Назар. Ин нигоранда ёдовар шудааст, ки Ҳошим Гадо дар суҳбати худ ҷиҳати шомил шудани довталаб ба бахшҳои омўзиши касби актёриву духтурӣ баҳогузории дастгоҳи компютериро қобили қабул нашуморидааст. «Донишҷўйе, ки ҳунари актёрӣ ва доираи васеи мутолиа надорад ва ҳунармандони ватаниро намешиносад, набояд дар ин ришта таҳсил кунад» – иброз доштааст Тоҳир Назаров.

Яке аз сабабҳои асосии солҳои охир кам ба камол расидани кадрҳои болаёқат дар Донишкадаи фарҳанг ва санъатро Хусрав Ҳабибзода, яке аз мубоҳисон маҳз дар дур мондани ҷавонони соҳибистеъдод аз таҳсил дар ин даргоҳ донистааст. Ў аз мушоҳидаҳои хеш гуфтааст: «Чандин шахсони соҳибистеъдодро дар назар гирифта будам, ки мутаассифона натавонистанд ба ин донишкада дохил шаванд»

Дар ҳамин замина, Гулчеҳра Сатторзода, як бонуи истифодабаранда мушаххасан ин нуктаро иброз намудааст, ки:
«Андешае, ки дигар ягон тағодор ҷойи шахси  болаёқатро гирифта наметавонад, ҳақиқати бебаҳс аст!»

Ҷамшед Азимов, як корбар, ки ба назар мерасад аз мавзўи мазкур огоҳии комил дорад, дар интиҳои баҳс дар робита ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов чунин нигоштааст: «Довталабоне, ки ихтисосҳоро аз ин ду муассисаи таълимӣ интихоб мекунанд ду бор имтиҳон месупоранд: аввал имтиҳони қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро дар донишкадаи интихобкардаашон ва дуюм имтиҳони қисми А (аз забони тоҷикӣ ва таърих барои ихтисосҳои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва аз забони тоҷикӣ ва биология барои ихтисоҳои Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ)-ро дар Маркази миллии тестӣ.

Сипас, имтиҳони асосӣ (имтиҳони маҳорат)-ро аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаи довталаб худи донишкада қабул мекунад. Холи бештарин аз ин имтиҳон 100 аст. Холи бештарин аз имтиҳони қисми А 80 аст (40-холӣ аз ҳар ду субтест).

Барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот довталаб бояд аз ҳар ду қисми имтиҳон холҳои гузаришро ба даст орад. Имсол холи гузариш аз субтестҳои имтиҳони қисми А чунин муайян гардидааст: забони тоҷикӣ 6 хол, таърих 7 хол, биология 5 хол. Довталабоне, ки аз ин холҳои камтарро ба даст меоранд (ҳатто аз яке аз ин фанҳо), ба озмуни тақсимот роҳ намеёбанд.

Дилшоди Муҳаммад, масъули

 бахши “Афкор”-и барномаи “Бозтоб”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *