150 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд

Агентии   назорати    давлатии   молиявӣ   ва   мубориза   бо   коррупсияи      ҶТ дар нимсолаи аввали соли 2020  дар вазорату  идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,  марказҳои  татбиқи  лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 403  тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида,  ба маблағи умумии қариб 150 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки  аз ин маблағ 44 млн сомонӣ ё 29,4 фоизаш  барқарор карда шудааст. Ин нуқтаро  директории агентии мазкур  Сулаймон  Султонзода   зимни нишасти  матбуотӣ  зикр намуд.

Ба таъкиди  номбурда  аз маблағҳои рӯёнидашуда 34,6 млн сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 9,4 млн сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меоянд. «Воҳидҳои ҳифзи  ҳуқуқи Агентӣ дар ин давра  1218 ҷиноятҳои корупсионӣ, иқтисодии  хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор намуданд, ки  482 адади он ба гурӯҳои ҷинояти вазнин шомиланд»,  изҳор дошт  Сулаймон Султонзода.

Малоҳат Тоҳирова

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *