Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои нави Маркази адлияро ба истифода доданд

Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави Маркази адлия дар шаҳри Гулистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории вазорати адлия ва сохторхои он бунёд карда шуд.

Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум равзанаи ягона, китобхона, утоқи кории кормандону мутахассисони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Гулистон, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории натариусони давлатӣ ва толори ақди никоҳ ҷой дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки кормандону мутахассисони мақомоти адлия дар самти татбиқи босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хидматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ саҳмгузор бошанд.