Дар Ӯзбекистон Форуми II иқтисодии СҲШ баргузор мегардад

Дар шаҳри Тошканд рӯзҳои 16-17 августи соли равон Форуми II иқтисодии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор мегардад, ки Тоҷикистон дар он ширкат менамояд.

Дар ҳамоиш ҳамаи иштирокчиён иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, ҳамкориҳои минтақаҳо дар соҳаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар доираи форум ҳамчунин ҷаласаҳои панелӣ, вохӯриҳои дуҷониба ва гуфтушунидҳои корӣ доир мегардад.

Гуфта мешавад, ҳайатҳои кишварҳои СҲШ ҳамкориҳои минбаъдаи сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои саноатиро баррасӣ хоҳанд намуд.

Қобили зикр аст, ки Форуми I иқтисодӣ моҳи июни соли 2021 дар Душанбе доир гардида буд.

Ин ҳамоиши иқтисодӣ як платформаи муассир барои муколамаи байниҳукуматӣ ва ҳамкории намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, корхонаҳо ва сармоягузорон унвон мешавад.

СҲШ созмони байналмилалӣ буда, он соли 2001 ташкил шудааст. Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон иштирокчиёни доимии он ба шумор мераванд.