Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфавии ин кишвар Ғуломҳусайн Ҳусайниниё дидору гуфтушунид намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо алоқамандии худро барои амалисозии барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ баён карданд.
Ҳамчунин барои табодули таҷриба дар омода намудани мутахассисони касбиву техникӣ миёни марказҳои омӯзишии ду кишвар дар заминаи тавофуқоти ахири ҳосилшуда миёни мақомоти Тоҷикистону Эрон изҳори омодагӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин кишварест, ки истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 ба расмият шинохта, равобити дипломатӣ барқарор намудааст.
Тоҷикистону Эрон муштаракоти фарҳангиву таърихӣ ва ҳунарӣ доранд.