Рӯзҳои 5 ва 6-уми август бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда” 25 нафар намояндагони ВАО-и кишвар, ки аъзои маҳфили рӯзноманигорони экологӣ мебошанд, аз мамнуъгоҳи табиии давлатии Дашти Ҷум дидан намуданд.
Дар ин сафар рӯзноманигорон аз табиати мамнуъгоҳ, мавзеи сайёҳии обидара ва осорхонаи мамнуъгоҳ дидан намуда, бо шароиту имконоти ин минтақа шинос шуданд.
Ҳамзамон рӯзноманигоронро ҳангоми сафар намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ, муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда ва мамнуъгоҳи табиии давлатии Даштиҷум” ҳамроҳӣ намуданд.
Дар суҳбат бо рӯзноманигорон масъулин иброз доштанд, ки масоҳати мамнуъгоҳи “Даштиҷум” 19700 гектар буда, дар он бузи пармашох (морхӯр), гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) ва рустаниҳои ғизоию табобатӣ ҳифз карда мешавад.
Ба таъкиди масъулини ҳифзи табиати мамнӯъгоҳ барои зиёд шудани саршумори ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бузи пармашоху гӯсфанди кӯҳии бухороӣ омили муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Пас аз шиносоӣ бо олами растаниҳо ва табиати зебои мамнуъгоҳ намояндагони ВАО аз мавзеи сайёҳии обидара дидан намуданд.
Тавре ба мушоҳида расид, воқеан ҳам табиати мавзеи обидара хеле диққатҷалбкунанда мебошад.
Ба иттилои директори мамнӯъгоҳи табии давлатии Даштиҷум Баҳодур Икромов ба хотири ҷалб намудани саёҳони хориҷӣ ва ба ин васила рушд бахшидан ба соҳаи туризм дар нақша аст, ки имконияти сайёҳӣ дар ин минтақа васеъ карда шаванд.
Ҳамзамон дар як ҳуҷраи бинои мамнуъгоҳи Дашти Ҷум ёдгориҳои табиӣ гирдоварӣ шуда, масъулин ният доранд, ки теъдоди бозёфтҳоро зиёд намуда, осорхонаи калон ташкил диҳанд.
Баъд аз тамошои дастаҷамъона аз мавзеъҳои мухталифи экосистемаҳои мамнуъгоҳи табиии давлатии Дашти Ҷум дар саҳни бинои мамнуъгоҳ барои аъзои маҳфили экожурналистон дарси омӯзишӣ ташкил карда шуд.
Директори мамнуъгоҳи табии давлатии Даштиҷум Баҳодур Икромов дар мавзӯъи “Нақши мамнуъгоҳи табии давлатии Дашти Ҷум” дар афзунгардонии олами набототу ҳайвонот маъруза намуд. Ба таъкиди Баҳодур Икромов, мамнуъгоҳ дар ҳифз ва омӯзиши табиати нотакрори ин минтақаи Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.
Ҳамзамон мавсуф илова дошт, ки бо назардошти ҳифзу нигоҳдории генофонди бузи пармашох ва гӯсфанди кӯҳии бухороӣ дар мамнуъгоҳ корҳои парвариш ва барқарорсозии саршумори ин намудҳо ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин гуфта шуд, ки дар мамнуъгоҳ намудҳои растаниҳои нодир ва камчин, ба монанди савсан, пиёзҳо, лола, намудҳои растаниҳои тропикӣ ва субтропикӣ, аз ҷумла нок, анҷир, хурмо, анор ва зираи бухороӣ, месабзанд.
Ҳамин тавр, рӯзноманигорон вобаста ба мавзӯъҳои марбут ба мамнуъгоҳ бо намояндагони Муасисаи давлатии “Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда” саволу ҷавоб намуданд.
Бояд гуфт, ки мамнӯъгоҳи табиии давлатии Дашти Ҷум дар қисми зебоманзари ҷануби Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ ва Дарвоз ҷойгир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ин якумин иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сафарбар намудани журналистон ба мавзеъҳои экологиву таърихӣ набуда, қаблан ҳам журналистон аз мамнуъгоҳи Ромит, Бешаи Палангон, Искандаркӯл ва дигар мавзеъҳо дидан намуда буданд.
Ғайр аз ин Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати тарғибу ташвиқи мавзеъҳои экологӣ намояндагони ВАО-ро аз ҳисоби аъзоёни маҳфили журналистони экологӣ ба дигар минтақаҳои мамлакат сафарбар намояд.
Баҳруллои Маҳмадшариф,
радиои “Тоҷикистон”