Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташабусси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд конференсияи ҷумҳуриявӣ доир ба татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи ҶТ барои давраи то соли 2030 баргузор гардид.
Нахуст муовини сарвазири мамлакат Матлубахон Саториён суханронӣ намуда, зикр дошт, ки маориф ва илм дар низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аз самтҳои муҳим ва стратегии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, таҳти дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
“Дар ин замина қабули Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 омил бар он гардид, ки заминаҳо барои таҳкими ислоҳоти низоми маориф пайгирӣ аз ҳадафҳои наҷиби давлатдории миллӣ фароҳам омада, дар кӯтоҳтарин фурсат илм ва маориф дар Тоҷикистон бо низомҳои пешқадами таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳамқадам гардонида шавад. Мавриди амал қарор гирифтани тамоюлҳо ва ҳадафҳои аслии стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми наздик ба ду соли сипаришуда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки воқеан нуктаҳои аслии ин ҳуҷҷати муҳими муассир бар рушди соҳаи маориф дар эҷоди таҳаввулоти ҷиддии соҳа нақши муассир дорад”, – иброз намуд Матлубахон Саториён.
Ҳамзамон муовини вазири маориф ва илми кишвар Ҷамшед Ҷӯразода дар суханронии худ қайд намуд, ки лоиҳаи дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шарики глобалӣ дар соҳаи маориф, Бонки исломии рушд маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо вазорат ва зерсохторҳо амалӣ мегардад.
Ба таъкиди Ҷамшед Ҷӯразода баргузории ин академия, ки бо ташаббуси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар доираи татбиқи ҳамин лоиҳа роҳандозӣ гардидааст, барои муаррифии дастовардҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим муҳим арзёбӣ мегардад.
“Дар таҳияи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисиони миллӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ҳар кадоме бо донишу таҷрибаи худ дар такмили он назару андеша ва таҷрибаҳои созандаи худро пешниҳод намуда, барои дар сатҳи зарурӣ ва талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани он кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд”, – зикр намуд Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён.
Ба зикри сармутахасиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саъдуллоҷон Неъматов, ҳадафи “Лоиҳаи дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сифати таълим тавассути дастгирии барномаи таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон ва ислоҳоти маоириф арзёбӣ шуда, бо дастгирии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Ба таъкиди иштирокчиён аз моҳи ноябри соли 2020 васоили иноватсионӣ дар робита ба рушди муттасили касбӣ ва дастгирии дохилимактабии омӯзгорон, бознигарии стандартҳо ва барномаҳои таълими фанҳои математика ва забони тоҷикӣ барои синфҳои 5-9, ҷорӣ намудани омӯзиши омехта ва китобхонаи рақамӣ таҳия гашта, дар якчанд муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Душанбе, Турсунзода ва Ҳисор аз озмоиш гузаштанд.
Баҳруллои Маҳмадшариф,
радиои “Тоҷикистон”