Оҷонсии зиддифасод як мутахассиси “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Ҳисорро бо гумони гирифтани 13 ҳазор сомонӣ пора боздошт намудааст.
Ин ниҳод гуфт, М.С. дар вазифаи мутахассиси раёсати баруйхатгирии техникии корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор кор мекард.
Номбурда дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрвандон “А” ва “Б” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин маблағи 13 ҳазор сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 12 ҳазору 426 сомониро ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Манбаъ афзуд, вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати муттаҳам бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.
Феълан назари боздоштшуда ё вакили дифоаш дар ин робита маълум нест.
Дар сурати тасдиқ шудани ин иттиҳом дастгиршударо аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима (як нишонда – 64 сомонӣ) ё аз 2 то 5 сол зиндон таҳдид мекунад.