Рӯзҳои 10-13 август дар шаҳри Гуаякили кишвари Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон (Guayaquil World Championships Juniors 2022) баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, кишвари моро дар ин мусобиқаи қаҳрамонӣ 7 варзишгар муаррифӣ мекунад:
-66кг | Абубакр Шеров
-66кг | Эмомалӣ Нуралӣ
-73кг | Масъуди Аҳмадзод
-81кг | Сунатулло Лоиқов
-81кг | Муҳаммадҷон Абдуҷалилов
-100кг | Эмомризо Анварзода
+100кг | Мансур Раҳмон
Аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии ҷудо (IJF) барои мақоми аввал – 700 имтиёз, ҷойи дуюм – 490 имтиёз ва зинаи сеюм – 350 имтиёз дода мешавад.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷойи аввал 2000 доллар, барои ҷойи дуюм 1200 ва барои ҷойҳои сеюм 680 доллар тақдим мешавад.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар мусобиқаи мазкур 392 варзишгар аз 65 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
Сорбон Амонуллозода,
радиои «Тоҷикистон”