Ситоди корӣ оид ба бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ эълон кардааст, ки ниёз ба омӯзгорон 544 нафар паст фароварда шуд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, менависад, ки ба ҳолати имрӯза эҳтиёҷ ба омӯзгорон чунин мебошад: ВМКБ –113, Хатлон – 25 нафар, Суғд – 60 нафар, Душанбе – 35 нафар, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ – 311 нафар.
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2022, дар Вазорати маориф ва илм Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ таъсис дода шудааст. Ситоди корӣ фаъолияти худро аз 12 июл оғоз намуда, ҷаласаҳои он ҳамарӯза ба таври маҷозӣ (онлайн) бо иштироки сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Натиҷаи кори ситод ҳамарӯза ҷамъбаст ва ба Вазири маориф ва илм пешниҳод карда мешавад.
То оғози фаъолияти ситод мувофиқи дархости раёсату шуъбаҳои маориф муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба 3406 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доштанд, ки ин бештар аз фанҳои дақиқ ва ҷамъиятию гуманитарӣ ба қайд гирифта шуда буд. Тибқи дархости пешниҳоднамудаи сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар охири соли таҳсили 2021-2022 ВМКБ ба 169 нафар, вилояти Хатлон ба 852 нафар, вилояти Суғд ба 720 нафар, шаҳри Душанбе ба 159 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 1506 нафар кадри омӯзгорӣ эҳтиёҷ доштанд.