Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи Палатаи савдои Ҷопон дар Осиёи Марказӣ Накамура Дайсекӣ ва соҳибкори ҷопонӣ Чида Хикару дидору мулоқот намуд.
Тавре аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҷонибҳо аз густариши робитаҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аҳмадзода таъкид намудааст, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф бо доираҳои тиҷоративу соҳибкории кишварҳои гуногун ҳамкориҳо ҳамкориҳо густариш ёфта истодааст.
“Вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, доираҳои соҳибкории вилоят ҳавасманданд, ки якҷо бо шарикони рушд тарҳҳои муштаракро амалӣ намоянд”, – афзудааст раиси вилоят.
Гуфта мешавад, ки Накамура Дайсекӣ вобаста ба фаъолияти Палатаи савдои Ҷопон дар Осиёи Марказӣ маълумот дода, изҳори боварӣ намудааст, ки соҳибкорони ду ҷониб дар оянда барои тақвияти робитаҳо аз имкониятҳо истифода мекунанд.
Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо ҳамзамон ба масъалаи ташкили корхонаи коркарди партов дар Хуҷанд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.