Пирӯзии тими ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бар тими ҷавононони Афғонистон дар Chempionship CAFA-2022

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) зери роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бозии аввалинашро дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муқобили тими ҷавонони Афғонистон бо натиҷаи калони 4:1 оғоз намуд.

Голҳоро аз ҳайати тими ҷавонони Тоҷикистон (U-19) Азизбек Ҳайитов, Содиқҷон Қурбонов, Фатҳулло Олимзода ва Салам Ашӯрмамадов ба самар расонида, се имтиёзи заруриро ба даст оварданд.

Чемпионати CAFA-2022 (U-19):

Афғонистон 1:4 Тоҷикистон

Сорбон Амонуллозода,

радиои «Тоҷикистон”