Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис миёни наврасон ба охир расид

Аз 1-ум то 6-уми август дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе 12-ум Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тибқи иттилои Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мусобиқа варзишгарон аз 7 кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Покистон ва Шведсия иштирок намуданд. Мусобиқа миёни духтарону писарон ба таври инфиродӣ ва ҷуфтӣ баргузор гардид.

Дар давоми 5 рӯзи рақобатҳо дар сабқати инфиродӣ миёни писарон ду ҷои аввалро варзишгарони Тоҷикистон ишғол намуданд. Сомон Амонов сазовори медали тилло, Фарҳод Ғайратзода сазовори медали нуқра гардиданд. Ҷойи сеюмро бошад варзишгари Покистон Муҳаммад Алӣ Ризвон Ҳайдар соҳиб шуд.

Дар рақобатҳо миёни духтарон, ду ҷойи аввал насиби намояндагони Қазоқистон гардид. Ҷойи аввалро Данаия Амангажиева, ҷои дуюмро София Сафиулина сазовор шуданд. Медали биринҷиро варзишгари тоҷик Аниса Яҳёева ба даст овард.

Дар сабқати ҷуфти миёни писарон Сомон Амонов (Тоҷикистон) ва Муҳаммад Алӣ Ризвон Ҳайдар (Покистон) ғолиб гардиданд. Медали нуқраро ҷуфти Қосим Аҳмадҷон / Фарҳод Ғайратзода (Тоҷикистон) ба даст оварданд.

Дар сабқатҳои ҷуфти миёни духтарон Данаия Амангажиева ва София Сафиулина (Қазоқистон) ҷои аввалро сазовор шуданд. Дар финал ин ҷуфт бар ҷуфти Ёсуман Салимова / Сумая Тухтаева (Тоҷикистон) ғолиб гаштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 доир шуда буд. Соли 2021 мусобиқа ба тақвими мусобиқоти Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид.

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон”