Темур Раҳимов медали нуқраи Чемпионати Осиё-2022-ро ба даст овард

Дар рӯзи сеюми Чемпионати Осиё-2022 паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар вазни (+100кг) ҳунари воло нишон дода, ба финал баромад. Дар рақобати финали Темур бо ноҳақии доварон рақобатро дар муқобили варзишгари Ҷопон Кагуера Какоро бохт ва медали нуқраи Чемпионати Осиёро ба гардан овехт.

Темур Раҳимов рақобатро аз даври 1/4 ниҳоӣ муқобили ҷудокори ӯзбек Бекмурод Олтибоев шурӯъ кард. Паҳлавони сангинвазни тоҷик Олтибоевро бо иҷрои зиддиҳамла дар сонияҳои охири рақобат ноком кард ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар рақобати нимфинал паҳлавони тоҷик ҷудокори дигари ӯзбек – Шоҳрух Бахтиёровро бо ду “ваза-арӣ” шикаст дод ва ба финал баромад. Темур Раҳимов дар рақобати ниҳоӣ бо ҷудочии Ҷопон, қаҳрамони феълии ҷаҳон – Кокоро Кагеура андари майдони рақобат гардид. Паҳлавонон миёни ҳам рақобати шадид ба миён гузоштанд ва аз оғози рақобат Темур як сару гардан аз рақиб боло буд. Ҳамин буд, ки довари ноҳақ ба ҷудочии ҷопонӣ ду огоҳиро лоиқ донисту, огоҳии сеюмро ба Кагуера надод, то ки паҳлавони тоҷик ғолиб гардад. Ҳамин тавр вақт ба “голден скор” расид ва ҷудокори ботаҷрибаи ҷопонӣ бо иҷрои “коучи гари” имтиёзи ғалабаовари “ваза-арӣ анҷом дод ва Қаҳрамони Осиё дар соли 2022 гардид.

Дар баробари ба даст овардани медали нуқра, Темур Раҳимов 500-хол ба даст оварда, шумораи имтиёзҳояшро ба 3995 расонид. Бо чунин нишондод Раҳимов садрнишини ҷадвали радабандии IJF (Федератсияи ҷаҳонии ҷудо) дар вазни (+100кг) гардид.

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон”