Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-2022 оид ба гуштини тарзи ҷудо, ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон ҷараён дорад, Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг) ҷойи панҷум, Сомон Маҳмадбеков (-81кг) медали биринҷӣ ва Шодмон Ризоев (-81кг) медали нуқраро ба даст оварданд.
Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг дар рақобати аввалаш варзишгари Ҷумҳурии Мардумии Чин — Юнлонг Гоуро дар вақти тиллоӣ бо “иппон” дучори шикаст намуд.
Дар даври 1/4 ниҳоӣ Беҳрӯз аз ҷудокори мизбон – Данияр Шамшаев шикаст хӯрд ва рақобатро дар даври тассалобахш идома дод.
Дар даври тассалобахш Хоҷазода ҷудочии Филиппин – Кейсей Наканоро бо се огоҳӣ “шидо” мағлуб карда, барои медали биринҷӣ бо паҳлавони Ӯзбекистон рақобат намуд.
Дар рақобат барои ба даст овардани нишони биринҷӣ, мутаассифона Беҳрӯз аз Обидхон Номонови ӯзбек дучори шикаст гардид ва ҷойи 5-ум насибаш гашт.
Варзишгари дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81кг) дар нахустин рақобаташ бо ҷудокори Ӯзбекистон – Рамазон Аллабердиев дидор анҷом дод. Пас аз гузаштани камтар аз 1-дақиқа Сомон бо иҷрои як зиддиҳамла имтиёзи “ваза-ари”-ро касб кард, лекин рақиби ӯ дар дақиқаи охири рақобат бо “коучи гари” ҳисоби имтиёзҳоро баробар кард. Ҳамин тариқ рақобат ба “вақти тиллоӣ” расид. Ниҳоят дар дақиқаи 4-уми “голден скор” Сомон ҳарифро бо имтиёзи “иппон” шикаст дод.
Дар даври 1/4 ниҳоӣ Сомон аз ҷудочии пурқуввати Ҷопон – Сасаки Такеши дучори шикаст гардид ва ба даври тассалобахш роҳ ёфт.
Дар даври тассалобахш Маҳмадбеков бар варзишгари муғул – Эрденбаяр Батзая бо имтиёзи “иппон” ғалаба кард.
Дар мубориза барои медали биринҷӣ Сомон Маҳмадбеков бо Асад Масабиров аз Қирғизистон рақобат намуд. Варзишгари қирғиз ба хотири камфаолӣ ва ҳамеша дар ҳоли дифоъ будан бо дарёфти се огоҳӣ “шидо” ба бохт рӯ ба рӯ гардид. Сомон аввалин медалро дар вазни -81кг аз Чемпионати Осиё-2022 ба даст овард.
Дар ин вазн паҳлавони дигари ҷавону умедбахши меҳан Шодмон Ризоев (-81кг) дар даври якум варзишгари Тайпей – Чуан Чи ва дар даври дуюм Владимир Золоеви қирғизро шикаст дод.
Дар рақобати ниманиҳоӣ Ризоев бар ҷудочии дигари Қирғизистон Асад Масабиров бо имтиёзи ду “ваза-арӣ” пирӯз шуд ва ба финал роҳ ёфт.
Дар рақобати ниҳоӣ мутаассифона Шодмон аз Сасаки Такешии ҷопонӣ шикаст хӯрд ва барандаи медали нуқраи Қаҳрамонии Осиё дар соли 2022 гаштааст.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”