Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти як мақомдори н. Дустӣ хабар додааст, ки ба қаллобӣ ва талаби пора гумонбар мешавад.
Ба иттилои манбаъ, Даврони Мирзохон дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи заминсозии КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Дӯстӣ кор карда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси шартномавии Кумитаи замини ноҳияи мазкур Давлятов Умед Ҷумаевич дар ҳолати зерин даст ба содир намуди ҷиноятӣ қаллобӣ заданд.
Чунончи, номбурдагон сӯиистифода аз мақоми хизматӣ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ва ба даст овардани маблағи муфт, барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрвандон дар якчанд ҳолат маблағи 30500 сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати онҳо ягон амали муайянеро иҷро накарда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расониданд.
Оиди ин ҳолат нисбати Даврони Мирзохон ва Давлятов Умед Ҷумаевич бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.