24 июли соли 2022 дар фурудгоҳи Димишқ мулоқотҳои Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия бо Виктор Найланд ва Мудири Ҳилоли Аҳмари Сурия Халед Ҳабибтӣ сурат гирифтааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар дода, менависад, ки дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои мазкур баррасӣ гардидааст. Аммо дақиқан нагуфтааст, ки рушди ҳамкорӣ дар кадом масоил баррасӣ шуд.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ дода буд, ки рӯзи 21 июл сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Президенти Сурия дар масъалаҳои амниятӣ ва ҳамзамон роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар, генерал Алӣ Мамлук ва муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия Башар Ҷафарӣ дидору гуфтушунид намуд.
“Ҷонибҳо дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт”, — омада буд дар хабарномаи ин Вазорат.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 30 апрели соли 2019 84 нафар кӯдакро тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонид.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2021 дар урдугоҳҳои ал-Ҳавл ва ар-Равҷи Сурия беш аз 260 нафар занону кӯдакони Тоҷикистон қарор доштанд.