Акс аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии хабар додааст, субҳи имрӯз, 25-уми июл ба Тоҷикистон 204 ҳазору 750 воя ваксинаи «Pfizer» истеҳсоли ИМА ворид гардидааст.
Тавре манбаъ менависад, ваксинаҳои мазкур дар доираи механизми COVAX ворид шуда, дар анбори махсус нигоҳ дошта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX аз аввали маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 беш аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксина ворид гардидааст.
Давоми шаш моҳи соли равон ба кишвар 1 млн 987 ҳазору 440 воя ваксинаи «Модерна», 897 390 воя ваксинаи «Пфайзер» ва 1 002 800 воя ваксинаи «АстраЗенека» ворид шуданд.
Эмгузаронӣ бо вояи 3-юми ваксинаҳои зидди сирояти COVID-19 дар мамлакат аз моҳи январи соли 2022 оғоз гардид. То аввали моҳи июл вояи аввали ваксина ба 5 263 527 нафар (94,0%), вояи дуюм ба 5 158 348 нафар (92,2%) ва вояи сеюм ба 4 104 007 нафар (73,3%) аҳолии кишвар гузаронида шуд.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли равон ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.
Имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зист муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.