25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 эълон гардиданд, дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
ММТ шумораи довталабони ба мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ эълон накардааст.
Тавре манбаъ менависад, дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот аз соати 00:00-и 25 июл ба рақами телефони мобилие, ки онро довталабон дар вақти бақайдгирӣ нишон медиҳад, паёмак (SMS) фиристода шуд ва довталабон аз он дар бораи комёб гардидан ё нагардидан аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон огоҳ шуданд. Ин паёмаки телефонӣ (SMS) ба довталабон ройгон фиристода шуд, инчунин довталабон метавонанд аз кабинети инфиродӣ ё бо муроҷиат (аз ҷумла тавассути телефон) ба Марказ ва бахшҳои минтақавии он аз натиҷаи тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ як бори дигар огоҳ шаванд.
Довталаби дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда бояд дар муҳлати муқарраргардида аз 25 июл то 6 август ба муассисаи таълимии дахлдор барои номнависӣ ва қабул ҳозир шавад. Дар сурати бо сабаби узрнок ҳозир шуда натавонистанаш довталаб вазифадор аст, ки то 6 август дар ин бора бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба муассисаи таълимӣ хабар диҳад, вагарна ҷойи худро ин довталаб дар муассисаи таълимӣ аз даст медиҳад ва ҷойи қабулшудаи ӯ дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мешавад. Инчунин довталаби мазкур ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро надорад.
Мувофиқи тартиби муқарраргардида, ба озмуни тақсимот довталабоне роҳ ёфта буданд, ки аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:
— танҳо қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум))-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;
— танҳо қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум))-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;
— ду субтести аввали қисми А ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;
— ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шудаанд;
— қисмҳои А ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шудаанд.
Хотиррасон мекунем, ки қисми В-ро барои санҷидани қобилияти эҷодӣ ва (ё) малакаю маҳорати махсуси довталаб аз ихтисосҳои самтҳои санъат ва фарҳанг, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва дин худи муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор кардаанд.
Инчунин қисми Г-ро довталабони ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе (“Г.1”) ва ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (“Г.2”) интихобкарда супоридаанд.
Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш аз рӯйи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун тибқи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода шуд.
Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! Имкони дар тақсимоти такрорӣ иштирок карданро доред. Барои ин бояд аз 12 то 15 августи соли равон дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав аз қайд гузаред” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.
Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд. Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Вобаста ба ин, ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин тартиби озмуни тақсимоти такрорӣ мунтазам эълону хабарҳои сомонаи Марказро хонанд. Инчунин ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида рӯзҳои наздик дар бораи кадом рӯз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS) фиристода мешавад.
Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ (office@ntc.tj) низ пешниҳод намоянд.