Имрӯз 24-уми июл дар варзишгоҳи «Эллигиант»-и шаҳри Лас-Вегаси ИМА дидори дастаҳои «Реал Мадрид» ва «Барселона» баргузор гардид.
Дар ин бозии дӯстона ду бошгоҳ аз Испания миёни ҳам майдондорӣ намуданд. Бозӣ бо натиҷаи минималии 1:0 бар суди каталониҳо хотима ёфт. Голи ягонаи ин рақобатро дар дақиқаи 27-уми бозӣ Рафиня бо як зарбаи дарвозакӯб вориди дарвозаи Тибо Куртуа намуд.
Ҳамин тавр, «Барселона» дар аввалин бозии пеш аз мавсими Эл-Классико тавонист ғалабаро соҳиб шавад.
Бозии рафиқона
«Барселона» 1:0 «Реал Мадрид»
Гол: Рафиня дақиқаи 27-ум.