Сандуқи қарзии «Амонатбонк» 1,6 млрд. сомонӣ (бо назардошти қарзҳои ғайринизомӣ) ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 58 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта ҳаҷми сандуқи қарзӣ 38% ва шумораи қарздорон 23% афзудааст. Дар ин бора Сироҷиддин Икромӣ, раиси бонки мазкур имрӯз, 22 июл дар нишасти матбуотии ниҳоди зери раҳбарияш иттилоъ дод.
“Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 28 ҳазор муштарӣ 885,8 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба хамин давраи соли 2021 33,8% зиёд гардидааст ва қариб 50%-и қарзҳо ба бонувон дода шудааст, ки аз фаъолгардии онҳо дар истеҳсолот дарак медиҳад”, – гуфт С. Икромӣ.
Гуфта шуд, ки сармояи бонк ба 606,9 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 23,5 % афзоиш ёфтааст. Фоидаи софи Бонк 42,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки 27,8% афзудааст.
Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 14,7%, кишоварзӣ 21,5%, истеъмолӣ 19,8%, сохтмон 1,8%, тиҷорат 40,1% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 1,7% рост меояд.
Дар соли 2022 БДА ҶТ “Амонатбонк” ба беш аз 23 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 783 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 3000 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ намуд.
Аз ҳисоби ҷалби сармояи мустақим, аз ҷумла аз ҳисоби хати қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Узбекситон дар самти маблағгузории савдо дар ҳаҷми 33 млн.долллари ИМАкушода шуда, ба 33 ширкати ватанӣ дар ҳаҷми 12,8 млн.доллари ИМА барои ворид намудани молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Узбекистон қарзи бонкӣ пешниҳод карда шудааст.
Шоистаи Аҳмад
радиои «Тоҷикистон«