Ҳамлавари бошгоҳи “Бавария” ва мунтахаби Сенегал Садио Мане беҳтарин футболбози сол дар қораи Африқо дониста шуд.
Барои соҳиб шудани ҷоизаи беҳтарин футболбози сол дар Африқо бо Садио Мане ҳамлагари “Ливерпул” ва мунтахаби Миср – Муҳаммад Салоҳ ва дарвозабони дастаи “Челси” ва мунтахаби Сенегал – Эдуар Менди довталаб ба ҳисоб мерафтанд.
Бояд қайд намоем, ки дар ҳайати тими мунтахаби Сенегал – Садио Мане барандаи Ҷоми миллатҳои Африқо гардида буд ва дар бозии даври финалӣ аз зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) голи ғалабаоварро маҳз, Садио Мане ба ҳадаф расонида буд.
Садио Мане дар мавсими 2021/2022 бо бошгоҳи “Ливерпул” Ҷоми Англия ва Ҷоми Лигаро ба даст оварда буд. Дар ин мавсим Мане бо даста ба финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо роҳ ёфт ва дар даври ниҳоӣ аз бошгоҳи “Реал Мадрид” ноком гардиданд. Дар Премер Лигаи Англия Мане бо “Ливерпул” дар мавсими гузашта ҷойи дуюмро соҳиб гардида буданд.
Дар мавсими 2021/2022 ҳамлавари сенегалӣ дар ҳайати “Ливерпул” дар ҳамаи мусобиқаҳо 51-бозӣ гузаронида, ба задани 23-гол ва 5-партофти головар даст ёфтааст.
Дар равзанаи хариду фуруши тобистона Садио Мане ба дастаи “Бавария”-и Мюнхен гузариш кард ва то соли 2025 шарафи бошгоҳи олмониро ҳимоя мекунад.