Иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи марказӣ дар Қирғизистон, идомаи корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун”, натиҷагирӣ аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ ва қоидаҳои нав барои ширкатҳои хонасозӣ дар пойтахти аз мавзуҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи 20 июл мақолае бо номи «Нақши бузурги Пешвои миллат дар бунёди НБО «Роғун» ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср», нашр намудааст.
Муаллифи мақола профессор Эмомалӣ Насриддинзода, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чунин нигоштааст: “Яке аз иншооти азими аср, ки метавонад Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, манбаи асосии тавлиди энергияи сабз шуда, кишварҳои минтақаро аз хушкшавӣ эмин нигоҳ дорад, НБО «Роғун» аст.”
Ба таъкиди муаллиф ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди НБО «Роғун» баёнгари шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ ва муҳаббати бепоён ба халқу Ватан аст, ки нафақат истиқлоли энергетикии кишварро таъмин ва дар иқтисодиёти миллӣ пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро таҳким мебахшад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19 июл матлабе бо номи “Бадахшон. Авлавият ба рушди саноат.” нашр карда, навиштааст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тули панҷ соли оянда дар ҳудуди вилояти Бадахшон таъсиси 92 корхонаи саноатӣ бо ташкили 1387 ҷои нави кор ба нақша гирифта шудааст. Ба навишаи муаллиф давоми солҳои 2020-2022 дар вилоят 31 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолии дорои 317 ҷои корӣ ба истифода дода шуда, танҳо дар соли 2022 бояд 30 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо муҳайё намудани 407 ҷои нави корӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 20 июл мақолае таҳти унвони “Такмили қонунгузории соҳаи соҳибкорӣ ногузир аст” чоп карда, дар он зарурати ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»-ро, ки 24 сол қабл қабул шудааст, матраҳ кардааст.
Ба таъкиди муаллиф хусусигардонии моликияти давлатӣ аз марҳилаҳои муайян иборат аст, вале ин марҳилаҳо дар қонун мушаххас нашудааст, ки дар муқаррароти қонун холигиро ба миён овардааст. Масъалаи дигар дар самти хусусигардонии моликияти давлатӣ, ки ҳалли саривақтиро мехоҳад, тибқи таъинот аз ҷониби харидорони он соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани моликияти давлатӣ пас аз хусусигардонӣ аст, чунки таҷриба собит менамояд, ки на ҳама моликияти давлатии хусусигардонидашуда аз ҷониби харидорони он мувофиқи мақсад соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ карда мешаванд.
Муаллиф таъкид мекунад, ки аз ин рӯ, дар қонунгузорӣ замони коркарди механизми мувофиқи мақсад соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти давлатӣ фаро расидааст. Дар ин зимн, ҷавобгарии ҳуқуқӣ низ барои тибқи талаботи қонунгузорӣ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ накардани моликияти давлатии хусусигардонидашуда нисбат ба харидорони моликияти давлатӣ пурзӯртар гардад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 20 июл дар матлабе аҳамияти будани идеалогия дар низоми давлатдориро баррасӣ карда, навиштааст, ки шикасти давлат аз шикасти идеалогияи он оғоз меёбад. Ба таъкиди муаллиф иттилоот маҷмӯи калимаю ҷумлаҳои берабт нест, ки аксари рӯзномаю маҷаллаҳову китобҳо аз он иборатанд, балки иттилоот шаддаи марворид аст, ки хеле устокорона ва ҳадафмандона ба ҳам чид шудааст. Иттилоот вирусест, ки ба мағзи инсон ворид мешавад ва амри медиҳад: соз ё сӯз!….
Бо назардошти ин муаллиф тазаккур додааст, ки бояд фаъолияти кохҳои бузурги фарҳангӣ дар саросари кишвар, тақвият дода шавад, яъне ба ин иншоот бояд рӯҳ бахшид, вагарна муҷассаме беш нахоҳанд буд. Аз сӯи дигар ин марказҳои фарҳангӣ бояд аз як марказӣ пурмағз аз Душанбе идора шаванд, на аз сӯи мафкураи музофотии мақомоти маҳалӣ, – хулоса кардааст муаллифи матлаб.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре змни натиҷагирӣ аз нишастҳои матбуотӣ, навиштааст, ки Шермуҳаммади Шоҳиён раиси Суди Олӣ аз ҳолатҳои ба фасоди мол даст задани бархе судяҳо изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 4 нафар судя бо ин ҷурм боздошт шудаанд. Аз сӯи дигар Юсуф Раҳмон Прокурори генералии Тоҷикистон аз афзоиши ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм изҳори нигаронӣ кардааст. Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 720 чунин ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 106 адад зиёд аст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 21 июл дар сармақолаи худ тағйир ёфтани шарту қоидаҳои сохтмони манзилҳои маскунӣ дар пойтахтро баррасӣ карда, навиштааст, ки акнун дар шаҳри Душанбе танҳо ширкатҳои сохтмонии дорои сармояи кофӣ метавонанд сохтмон кунанд.
Яке аз ин шартҳо ин аст, ки гардиши солонаи сармояи ширкатҳои сохтмонӣ набояд аз 50 миллион сомонӣ кам бошад. Инчунин ширкати сохтмонӣ вазифадор аст, ки 20 дарсади маблағи тарҳи сохтмониро дар бонк ҷо кунад. Дар ҳамин ҳол нашрия аз қавли коршиносон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки талаботи доштани сармояи 50 миллион сомонӣ барои ширкатҳои сохтмонӣ, метавонад боиси инҳисори бозор аз сӯи чанд ширкати бузурги сохтмонӣ шавад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре зимни натиҷагирӣ аз нишасти матбуотии Кумитаи андоз навиштааст, ки 43% қарзи андоз ба се корхона рост меояд. Нусруатулло Давлатзода раҳбари ин Кумита гуфтааст, ки айни замон қарзи андоз дар кишвар беш аз 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба моҳи январи соли 2022 196.5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Далатзода қарздорони асосӣ НБО “Сангтуда-1” – 244.6 млн сомонӣ, НБО “Роғун” – 55.8 млн сомонӣ ва ширкати “Тоҷиктелеком” якҷо бо ниҳодҳои зертобеаш – 123.3 млн сомонӣ ҳастанд, ки ба 43%-и қарзи умумии андоз дар Тоҷикистон баробар аст.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 21 июл дар матлабе аз нишастҳои матбуотии идораву ташкилотҳои вилояти Хатлон натиҷагирӣ кардааст. Қурбон Ҳакимзода сардори Сарраёсати Агентии омор дар Хатлон гуфтааст, ки дар шаш моҳи сли ҷорӣ 174 нафар мансабдор ва шахсони масъул барои пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ба маблағи 70 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шудаанд. Бештарин омори бардурӯғ аз сӯи масъулини ноҳияҳои Кушониёну Шаҳритус пешниҳод шудааст.
Аз сӯи дигар Шӯъбаи сабти ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1891 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки дар қиёс ба соли гузашта 381 ҳолат зиёд аст. Таассуфовар он аст, ки дар пайи пошхӯрии ин оилаҳо, 2212 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум шудаанд.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ
радиои “Тоҷикистон”