Дар Димишқ масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия баррасӣ шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 21 июл сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Президенти Сурия дар масъалаҳои амниятӣ ва ҳамзамон роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар, генерал Алӣ Мамлук ва муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия Башар Ҷафарӣ дидору гуфтушунид намуд.
“Ҷонибҳо дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт”, – омадааст дар хабарнома.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 30 апрели соли 2019 84 нафар кӯдакро тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонид.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2021 дар урдугоҳҳои ал-Ҳавл ва ар-Равҷи Сурия беш аз 260 нафар занону кӯдакони Тоҷикистон қарор доштанд.