Имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти шаш моҳаи худро дар ҳузури намояндагони ВАО и кишвар натиҷагирӣ намуд.
Ҳамкорамон Малоҳат Тоҳирова дар такя ба маълумоти Табарзода Ҷамшед хабар медиҳад, ки дар ин давра рушди маҷмӯми маҳсулоти минтақавӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 108,3 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 2,6 маротиба, гардиши савдо 105 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 129 фоиз, боркашонӣ 142,9 фоиз ва мусофиркашонӣ 105 фоиз таъмин гардидааст.
Ба иттилои муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 9.4 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,3 фоиз ва саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20,3 фоизро ташкил додаааст.