Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 14 ба 15-уми июли соли 2022, тахминан соати 01:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Дарқади ҳамин ноҳия 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар ин бора ВКД хабар дода, менависад, ки зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.