Акс аз Вазорати мудофиа
Мусобиқаи варзишӣ аз намудҳои эстафетаи ҳарбӣ таҳти унвони “Ки зудтар?” ба муносибати таҷлил аз 25-умин солгарди таъсисёбии Бригадаи ҳамлаоварӣ десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод давоми 2 рӯз ташкилу ба роҳ монда шуда, ба он хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе ҷалб гардиданд.
Дар ин бора Фаридун Маҳмадализода, котиби матбуотии Вазорати мудофиа хабар додааст. Маҳмадализода менависад, ки қабл аз оғози мусобиқа ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои зудамал ва масъулини Клуби марказии варзишии Артиш, дар назди иштирокчиёни он баромад намуда, доир ба ҳадафу моҳияти баргузории ин чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ ибрози назар карданд ва барои ба даст овардани ғолибият, ба онҳо барору комёбӣ таманно намуданд.
Тибқи низомнома ва мувофиқи шартҳои ба мусобиқа пешбингардида, дастаҳои иштирокчиро зарур буд, ки дар вақти муайяншуда, зиёда аз 30 мавзеъу нуқтаи пурмонеаро, ки дар масофаи 3200 метр гузошта шуда буданд, бояд убур намоянд.
Ин монеаҳои сунъиву душворгузар, аз девори сӯрохдор, девор бо симтӯр, девори баланди сангин, хандақ ва хандақи зеризаминӣ, девори бетонӣ, тортанакхонаи қубурӣ, монеаи муҳандисӣ ё худ симхор, зинапояҳои чӯбин ва равоқдор, гузаргоҳ байни деворҳои каҷ, гузаштани кӯпруки ларзонак ва торбанди ҳалқадор, дав дар масофаи 100 метр бо истифодаи ниқоби зидди газӣ, гузаштан аз таги мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, дар вақти муайян ҳозир шудан ба нуқтаи тирпарронӣ, тир холӣ намудан ба сӯйи нишона ва аз дигар шартҳо иборат буд, ки иштирокчиёни мусобиқа онҳоро бо чусту чолокӣ иҷро намуданд.
Қобили зикр аст, ки мувофиқ ба муҳит ва шароити ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар бисёре аз минтақаҳои кӯҳистони кишвар талу тепаҳо, роҳҳои хатарноку пурмонеаи табиӣ, ҷару баландиҳои душворгузар, пайраҳаҳои тангу касногузар, чукуриҳои калону ғорҳои таъқибкунанда ва амсоли ин ки ба назар мерасад, нуқтаҳои ғайритаббиию боздоранда ва монеаҳои сунъии дар мусобиқа гузошташуда низ дар машқгоҳи Фахробод, ба шароити болозикр мутобиқ гардонида шуда буд.
Ҷараёни баргузории ҳар як шарти мусобиқа ва маҳорати дастаҳои ба он ҷалбшуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва доварони майдон, ки аз ҳисоби намояндагони масъули сохторҳои қудратӣ интихоб ва тайин гардида буданд, назорат бурда мешуд, то маҳорати ҳар як даста ба таври шафофу одилона муайяну баҳогузорӣ карда шавад.
Ҳамин тариқ, мусобиқаи варзишӣ аз намудҳои эстафетаи ҳарбӣ таҳти унвони “Ки зудтар?” бо саф оростани ҳайати дастаҳои иштирокчӣ дар майдони сафороии машқгоҳи Фахробод ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.
Ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои зудамал ва масъулини Клуби марказии варзишии Артиш дар назди иштирокчиён баромад намуда, дар арафаи таҷлил аз ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 25-умин солгарди таъсисёбии Бригадаи ҳамлаоварӣ десантӣ-зарбавӣ, баргузории мусобиқаи мазкурро дар партави иқдому ташабуссҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, иртибот доданд.
Дар охир тамоми иштирокчиёни фаъоли ин чорабинӣ ё худ ғолибони эстафетаи ҳарбӣ, аз ҷониби масъулини раёсати Қӯшунҳои зудамал, бо Ифтихорнома, Ҷом, медал ва бо дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Гузашти низомии ҳайати дастаҳо ё худ хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз назди минбар, чун ойини доимии низомиён, анҷомбахши ин чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ дар машқгоҳи Фахробод гардид.