Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Ворух боздид намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Ворух боздид карда, бо корҳои барқароркунӣ, тоза кардани маҳаллаҳои аҳолинишин аз пайомадҳои офати табиӣ шинос гардид, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Ба иттилои манбаъ, бо дастури Раиси вилоят техникаҳои зарурӣ ба маҳалҳо сафарбар шуда, ҷӯйборҳои асосӣ тоза гардид ва дастрасӣ ба оби нӯшокиву полезӣ таъмин карда шуд.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади кумак ба сокинон дар Ворух ҳашари умумӣ ташкил ва баргузор карда шуд ва ҳашарчиҳо ба мардуми аз офати табиӣ зарардида дар тоза намудани ҳавзҳои обнигаҳдорӣ ва саҳни ҳавлиашон кумак расонида истодаанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 26 июн дар Ҷамоати деҳоти Ворух бар асари боришоти зиёд сел омада, дар натиҷа ба манзилҳои истиқоматии сокинони ҷамоат ба миқдори зиёд селоба ва лойиқа даромада, ба иншооти истиқомативу ёрирасони шаҳрвандон ва заминҳои наздиҳавлигии онҳо хисорот ворид намуд.

Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр, Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва дигар ниҳодҳои марбута барои мунтазам расонидани кумак ба сокинон супоришҳо дода, дастур дод, ки корҳои бартарафкунӣ дар кутоҳтарин фурсат ба анҷом расонида шавад.

Манбаъ афзуд, дар ҳоли ҳозир хисороти воридшуда аз сӯйи ситоди махсус таҳқиқ шуда истодааст.