Ҳайати Тоҷикистон дар пасманзари Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо вазири давлатии Вазорати замин, илм ва технологияи Ҳиндустон Ҷитендра Сингҳ масъалаҳои марбут ба энергетикаро баррасӣ карданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти ВКХ Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бахшҳои илму фанноварӣ, бахусус технологияҳои мудирияти обии илман асосёфта ва таваҷҷуҳ ба соҳаи энергетика, лоиҳаи “CASA-100”, ҳифзи пиряхҳо ва тадбирҳои мубориза бо пандемияи COVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистон аз 27 июн то 1 июл бо роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ва дигар ҳамоишҳо оид ба масъалаҳои об иштирок доранд.