Дар Тоҷикистон Созмони ҷамъияти “Олимпичиёни Тоҷикистон” таъсис ёфт.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, созмони мазкур ба хотири муттаҳид кардани иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ, намояндагӣ кардани онҳо ва қонеъ намудани ниёзҳои онҳо дар тӯли ҳаёт ва рушд додани олимпизм дар кишвар ташкил шудааст.
“То ин замон Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон дар назди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолият дошт ва бо тавсияи Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпичиён тасмим гирифта шуд, ки созмони алоҳидаи олимпичиён таъсис дода шавад”, – гуфт манбаъ.
Ба унвони раиси созмони “Олимпичиёни Тоҷикистон” ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва қаҳрамони Осиё дар риштаи бокс Мавзуна Чориева интихоб гардидааст.
Қобили зикр аст, ки Чориева дар ҳоли ҳозир масъулияти директории генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Ӯ моҳи январи имсол ба ин мақом таъйин гардид.