Туркия тасмим гирифтааст, ки намояндагии бонкҳои тиҷоратияшро дар Тоҷикистон фаъол намояд.
Ин масъала зимни мулоқоти кории раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл мулоқоти корӣ матраҳ гардид.
Ба гузориши Хадамоти матбуоти Бонки миллӣ, нахуст Ҳоким Холиқзода Сафири Туркияро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, масъалаҳои протоколи Ҷаласаи ёздаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдории ду кишвар бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро дарбар мегирифт, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия дар низоми бонкии ду кишвар, бахусус бонкҳои марказӣ (миллӣ), табодули таҷрибаи мутахассисони бонкҳои ду кишвар, тақвияти ҳамкориҳо байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ба василаи кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, инчунин ҳамкорӣ дар бахши бонкдории исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо доир ба имкони ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Туркия дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл аз таваҷҷуҳи Бонки миллии Тоҷикистон ва хоҳиши тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар низоми бонкии ду кишвар истиқбол карда, ҳамзамон бахшҳои тиҷорату сайёҳиро дар муносиботи иқтисодии кишварҳо муҳим арзёбӣ намуд.
Зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкории самараноки минбаъда ва идомаи мулоқоту муколамаҳо дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар ростои рушди низоми бонкии кишвар изҳор намуданд.