Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) имрӯз дар шаҳри Душанбе, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди ғизои мактабиро барои давраи солҳои 2022-2027 муаррифӣ намуда истодаанд. Тавре ҳамкорамон Парвина Самандарзода иттилоъ медиҳад, дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доранд.
Аз ҷониби намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) дар Точикистон Адҳам Мусаллам гуфта шуд, ки “Бо шарофати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории пайвастаи Федератсияи Россия, ғизои мактабӣ ба як барномаи пешқадами БОҶ табдил ёфта, ба некӯаҳволии садҳо ҳазор хонанда дар саросари кишвар мусоидат менамояд,” .
Тибқи иттилои бадастомада барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин барономаи БОҶ дар Тоҷикистон аст, ки масъулиятнокии даҳсолаҳои БОҶ-ро нисбат ба кӯдакони Тоҷикистон ва оилаҳои онҳо ифода мекунад. Аз соли 1999 инҷониб БОҶ бо ҳукумат барои амалӣ намудани ғизодиҳии мактабӣ ҳамкорӣ мекунад. Ҳудуди 440 000 хонанда дар 2 000 мактаби 52 ноҳия ва шаҳр ба шарофати ин барнома ҳамарӯза аз хӯроки гарм баҳра мегиранд. Барномаи БОҶ инчунин барои тармим ва сохтмони ошхонаҳои мактабӣ, нонпазхонаҳо ва гармхонаҳо кӯмак расонид ва хизматрасониҳои экспертӣ расонидааст.
Ҳамзамон бояд ёдоаар шуд, ки Федератсияи Россия донори асосии Барномаи ғизои мактабӣ ва фаъолияти БОҶ дар кишвар ба шумор меравад. Аз соли 2013 бештар аз 80 миллион доллари ИМА аз ҷониби Федератсияи Россия ҷудо гардидааст.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”