Дар шаҳри Истанбули Туркия вохӯрии Консули генералии Тоҷикистон дар Истанбул М. Саидзода бо Котиби генералии Палатаи савдои Коҷаелӣ Мерт Анлипак баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва танзими чорабиниҳои муштараки соҳавӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.