Дар Португалия Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба уқёнус ҷараён дорад

Дар шаҳри Лисабони Португалия Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оид ба уқёнус дар мавзӯи “Вусъат бахшидан ба амалҳои ба илму фанноварӣ асосёфтаи марбут ба уқёнусба кори худ шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода бо намояндагӣ аз Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи конфронси мазкур иштирок намуданд.

Ҳамоишро Президенти Португалия Марсело Ребелу де Соуза ва Президенти Кения Ухуру Кениата ҳамроҳ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ҳамраисӣ намуданд.

Дар Конфронс сарони 25 кишвар, ҳазорон нафар роҳбарони мақомоти давлатӣ, олимон аз 120 кишвари ҷаҳон, намояндагони 38 агентӣ ва созмон байналмилалӣ, 1200 ташкилоти ғайридавлатӣ, 400 ширкат ва 150 донишгоҳ ширкат варзиданд.

Дар интиҳои Конфронси мазкур кишварҳо дар бораи қабули як нақшаи амал ба мувофиқа хоҳанд расид, ки вокуниши дастаҷамъонаи глобалиро барои ҳалли таназзули уқёнусҳо талаб менамояд. Санади ниҳоӣ, ки дар ҷаласаи хотимавӣ қабул хоҳад гашт, тадбирҳои илмӣ ва навоваронаро бо назардошти мушкилоти иқтидори кишварҳои рӯ ба тараққӣ, махсусан мамлакатҳои сусттараққикарда муайян мекунад.

Гуфта мешавад, конфронси мазкур то рӯз 1 июл идома мекунад.