Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия як масъули мақомоти андози шаҳри Исфара бо гумони 5 ҳазор сомонӣ пора гирифтан боздошт намудааст.
Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод хабар медиҳад, С.Б. ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сармутахассиси гурӯҳи хидматрасонӣ ба андозсупорандагони бо патент фаъолияткунандаи шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор мекард.
Номбурда зимни фаъолияти корӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ аз шаҳрванд “А” барои рӯйпӯш намудани қонуншиканӣ 5 ҳазор сомонӣ талаб менамояд.
“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ С.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд”, – афзудааст манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати муттаҳам бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом боздоштшуда аз 23 ҳазору 360 сомонӣ то 58 ҳазору 368 сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ сол равонаи зиндон мегардад.
Феълан назари муттаҳам ё вакили дифоаш дар ин бора маълум нест.